Ба рағми саҳми 7000-нафарӣ барои Тоҷикистон, ки Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ҷудо карда буд, дар маросими ҳаҷи имсола ҳади ақал 20 000 тоҷикон ширкат карданд ва маносики онро ба ҷо оварданд. Ин шумор се баробар бештар аз саҳми ҷудошуда барои Тоҷикистон аст.
Чӣ гуна чунин иттифоқ афтод?
Бар иловаи 7 ҳазор нафаре, ки аз худи Тоҷикистон озими Арабистони Саудӣ шуданд, шумори бамаротиб бештари тоҷикон аз кишварҳои дигар, пеш аз ҳама Русия ба ҳаҷ рафтанд. Тоҷиконе ҳам дида мешаванд, ки аз Укроин, Аврупо ва ҳатто Амрико барои иҷрои яке аз маносики аслии ислом вориди Саудӣ шудаанд.
Ба гузориши хабарнигори “Паём”, ки аз Аврупо ба ҳаҷ рафтааст, шумори тоҷиконе, ки чун шаҳрванди Русия ба ҳаҷ рафтаанд, ҳудуди 50 то 60 дарсади кулли ҳоҷиёни ин кишварро ташкил медиҳанд. Таносуби тоҷикон бо ҳоҷиёни дигари Русия дар бархе гурӯҳҳо 70 бар 30 дарсад ба нафъи тоҷикон аст. Таносуби камтари тоҷикон дар гурӯҳҳое ҳаст, ки аз ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Русия, ба хусус ҷумҳуриҳои Қафқоз рафтаанд. Дар умум, тибқи ҳисоби хабарнигори “Паём” на камтар аз 50-60 дарсади ҳоҷиёни Русияро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Саҳме, ки барои Русия имсол ҷудо шудааст 25 000 нафар аст. Пас мешавад хулоса кард, ки 12 то 14 ҳазор нафар тоҷик аз Русия ҳоҷӣ шудаанд.
Албатта шумори тоҷиконе, ки аз кишварҳои дигар, мисли Укроин ва Иттиҳодияи Аврупо ба ҳаҷ рафтаанд, чандон зиёд нест. Ба гуфтаи хабарнигори “Паём” дақиқ кардани шумори онҳо имкон надорад, аммо бо гумони ғолиб шояд сад нафар бештар набошанд.
“Ғайриқонуниҳо”
Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳи бузурги дигари тоҷиконе имсол ҳоҷӣ шуданд, ки дар ҳеҷ оморе ҳисоб намешаванд. Инҳо афроде ҳастанд, ки бо визои сайёҳӣ вориди Арабистони Саудӣ шуда ва “ғайриқонунӣ” ҳаҷ кардаанд. Шумори онҳоро ҳам дақиқ кардан имкон надорад, аммо хабарнигори мо мегӯяд камтар аз 2000 нестанд.
“Як нафар чунин “ғайриқонунӣ”-е, ки дар наздикии меҳмонхонаи мо қарор дошт, мегуфт, ки танҳо аз деҳаи онҳо ҳудуди 30 нафар ва аз ноҳияашон беш аз 100 нафар қабл аз 1 июн вориди Макка шуда ва онҷо мондаанд, то маносики ҳаҷро адо кунанд” — мегӯяд хабарнигори “Паём”.
Гуфтанист, вуруди зоирони умра ва сайёҳон 1 моҳ қабл аз Иди Қурбон манъ мегардад, то аз ҳаҷи ғайриқонунии онҳо пешгирӣ шавад. Тибқи гузориши мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ имсол 202 ҳазору 695 нафаре, ки иҷозаи ҳаҷ надоштанд, аз нуқтаҳои вуруд ба Макка баргардонида шудаанд. Албатта қисме аз онҳо бо роҳҳои дигаре вориди ин шаҳри муқаддас хоҳанд шуд, чун на ҳамаи ҷодаҳо контрол мешаванд. Тибқи омори мақомоти амниятии Саудӣ тақрибан 129 ҳазор мошине, ки иҷозаи вуруд ба Макка ва маконҳои муқаддас надоштанд, низ аз сарҳади ин шаҳр бозпас баргардонида шудаанд.
Ҳамчунин аз боздошти беш аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адои ғайриқонунии маросими ҳаҷ гузориш дода мешавад.
Байни боздоштшудагон тоҷикон низ вуҷуд доранд ё на, маълум нест. Хабарнигори “Паём” мегӯяд кӯшидааст бо пурсиш аз гурӯҳҳои зиёде ин масъаларо маълум кунад, аммо касе аз чунин ҳолат дарак надорад. Ба муроҷиати ӯ мақомоти амниятии Саудӣ посух додаанд, ки дар ҳоли ҳозир имкони посух ба ин суолро надоранд, чунин ҳувияти бештари боздоштшудаҳо ҳанӯз рӯшан нест.
Дар ҳамин ҳол, афроде низ вуҷуд доранд, ки бо вуҷуди қарор доштанашон дар Маккаи Мукаррама натавонистаанд ҳаҷ кунанд. Барои мисол, бо як гурӯҳи 40-нафараи тоҷикон чунин иттифоқе афтодааст. Ин гурӯҳи иборат аз 120 нафар низ охири моҳи май вориди Макка шуда ва онҷо мондаанд, то мушарраф ба иҷрои маносики ҳаҷ шаванд. Аммо баъди шунидани ин ки дар сурати боздошт шуданашон ҳангоми иҷрои ғайриқонунии маносики ҳаҷ, ба онҳо хатари боздошт, ҷаримаи ҳангуфт ва истирдод таҳдид мекунад, ҳудуди 40 нафари онҳо аз рафтан ба Минову Арафот худдорӣ кардаанд. Рафтан ба Арафот аз маносики аслии ҳаҷ аст ва бидуни он ҳаҷ комил намешавад.
Хабарнигори “Паём” мегӯяд, бинобар мушкили зиёде, ки ба ҳоҷиёни “ғайриқонунӣ” пеш омадааст, бештари онҳо гуфтаанд аз гирифтани чунин тасмиме пушаймонанд.
“Онҳо ҳақи рафтан ба Минову Арафотро надоранд ва имкони рафтан бо такси ё мошинҳои шахсӣ низ вуҷуд надорад. Онҳо бо пардохти 200 то 600 доллар ба раҳбаладон, худро ба Минову Арафот расониданд, аммо онҷо бо ҷойи хобу хӯрок мушкилӣ пайдо карданд. Чун барои ҳар гурӯҳ тибқи дархости пешакӣ каппа ва ҷои хобу миқдори муайяни хӯрок ҷудо карда мешавад”, — мегӯяд ӯ.
«Савоби ғайриқонунӣ»
“Паём” тавонист бо яке аз онҳое, ки ҳар сол ба даҳҳо нафар кӯмак мекунад, то ҳаҷи “ғайриқонунӣ” анҷом медиҳанд, тамос гирад. Ӯ ба шарти зикр нашудани номаш гуфт ин корро барои савоб анҷом медиҳад, аммо инро ҳам, ки аз он даромад мегирад, пинҳон намедорад.
“Қимати ҳаҷ 4-5 ҳазор доллар аст, аммо бо ин роҳ онҳо бо сарфи 1,5 то 2,5 ҳазор ҳаҷ мекунанд, яъне 2-3 баробар арзонтар. Бештари онҳо нафароне ҳастанд, ки солҳо орзуи ҳаҷ карданро доштаанд, аммо маблағ пайдо карда натавонистаанд” — мегӯяд ӯ.
Ин раҳбалад мегӯяд “албатта қонуншиканӣ хуб нест ва муҷозоте ҳам, ки дар пай дорад сахт аст. Аммо кӯмак кардан барои ҳаҷи як нафар ҳам савоби каме надорад”.
Ба гуфтаи ӯ дар сурати боздошти раҳбалади ғайриқонунӣ ҳади ақал истирдод ва ҳатто зиндон таҳдид мекунад, аммо шумори боздоштшудаҳо дар таносуб бо ҳоҷиёни “ғайриқонунӣ” 2-3 дарсад бештар нест. “Ҳар сол на камтар аз ним миллион нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳаҷи “ғайриқонунӣ” мекунанд”, мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ӯ бархӯрд бо ҳоҷиёни “ғайриқонунӣ” сол то сол шадидтар мешавад ва имкон дорад дар ояндаи наздик мақомоти Саудӣ роҳе барои пешгирии комили он пайдо кунанд.