Рубрики Asia-Plus

Раиси пешини Конибодом барои 12 сол равонаи зиндон шуд


18:00, 7 май

Ӯро барои “гирифтани пора” ва “қаллобӣ” гунаҳкор донистаанд.

Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси пешини шаҳри Конибодом, барои “гирифтани пора” ва “қаллобӣ” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳи ин шаҳр ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст.

Хабари содир шудани ҳукмро дар Додгоҳи шаҳри Конибодом ва Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, аммо “ба далели қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм”, ҷузъиёти онро ошкор накарданд.

Назари худи Тӯхтасунзода, пайвандони ӯ ва вакили дифояш ба ҳукми содиршуда маълум нест.

Абдусалом Тӯхтасунзода, пас аз бештар аз 4 соли кор дар маснади раиси шаҳри Конибодом, моҳи январи соли гузашта аз вазифа озод ва тақрибан аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон боздошту ба Тоҷикистон оварда шуда буд.

Ҳафтаи гузашта, 30-юми апрел, Додгоҳи шаҳри Конибодом Тӯхтасуновро бо ду банди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — “гирифтани пора” (моддаи 319) ва “қаллобӣ” (моддаи 247) гунаҳкор донистааст. Ҳукми ӯ, тибқи иттилои манобеи “Азия-Плюс”, дар як мурофиаи пӯшида содир шудааст.

Қаблан ҳамсари Абдусалом Тӯхтасунзода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” боздошти шавҳарашро кори дасти душманон хонда, шавҳарашро бегуноҳ гуфта буд.

“Шавҳари ман ба ин хел корҳои даст заданашон мумкин нест. Ин корҳоро душманонашон ташкил ва расонаӣ карданд”, — афзуда буд ӯ.

Аммо пас аз як ҳафтаи содир шудани ҳукм, дастрас кардани назари ӯ ба қарори додгоҳ ба хабарнигори мо муяссар нашуд. Ҳамин тавр, номаълум аст, ки онҳо аз ҳукми додгоҳ ба зинаи болои шикоят бурдаанд ё не.

17:00 15 апрел

Абдусалом Тӯхтусунзода 50 сол дошта, бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2020 аввал иҷрокунанда вазифаи раиси шаҳри Конибодом ва баъди чанд моҳ раиси ин шаҳр таъин гардид. Ӯ то моҳи январи соли 2025 дар ин маснад кор кард.

Бояд гуфт, тибқи иттилои манобеи мо, якҷо бо Тӯхтасунзода, чанд мақомдори пешини шаҳри Конибодом низ боздошт шудаанд. Аммо онҳо мушаххасан ба кадом ҷурм муттаҳам мешаванд, номаълум аст.

Мақомот ҳам дар ин бора иттилои расмӣ ироа накардааст.

Ҳамин қадар маълум аст, ки ҳамаи онҳо пас аз ташрифи гурӯҳи вижа ҷиҳати таҳқиқи кушторҳои пуровоза ва мармуз дар Конибодом давоми соли гузашта, боздошт шудаанд.

Дар пайи ин кушторҳо, ки аз моҳи март то декабри соли 2024 дар Конибодом рух дод, 23 узви 7 оила кушта шуданд. 21-уми декабри соли 2024 Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ҷинояти кушторҳо ошкор шудаву 4 гумонбар боздошт гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *