Маъмурияти душвор
Мубойлам занг зад, он тарафи хат Омир соҳиб Масъуд буд.
Баъд аз салом бо салобат дастур дод:
“Ҳамин ҳоло меравӣ пеши устод Абдуллоҳ Нурӣ ва мавзӯъи сулҳро, ки аз тариқи мухобира ба шумо расидааст худат мебарӣ ва аз пеши устод ба ҳамин шумора ба ман занг мезанӣ! Фаҳмида шуд, иншоаллоҳ»
Дастур ба ҳамин қотеъият ва шаффофият буд. Ман ҳамон рӯз аз Теҳрон озими Караҷ шудам ва шодравон устод Абдуллоҳ Нуриро дар манзилаш мулоқот намудам ва аз ҳамон ҷо шуморам Омир соҳибро гирифтам ва устод Нурӣ бо Омир соҳиб ҳудудан як соат сӯҳбат намуданд.
Сӯҳбати Омир соҳиб бо шодравон устод Нурӣ рӯйи се меҳвари аслӣ устувор буд:
а) халъи силоҳи муборизини тоҷики мустақар дар Тахористон;
б) тааҳҳуд ва тазмини Афғонистон дар қиболи тааҳҳудоти давлати Тоҷикистон;
в) ёдоварии таҷрибаи манфии Афғонистон аз ҷанг ва ташвиқ ба сулҳ ва ободонии Тоҷикистон ва ин ки Раҳмонуф (он вақт эшон Раҳмонуф буданд ) ба тааҳҳуди худ амал намояд.
Баъд аз сӯҳбат бо Омир соҳиб, устод Нурӣ мутаассир ва нигарон шуд ва зимни ин ки оҳи амиқ кашид, гуфт:
“Хайр мо ба Омир соҳиб ва ҷаноби устод ба андозаи худамон эътимод дорем… Аммо ман эътимод ба Маскав ва Душанбе надорам ва ман мувофиқи халъи силоҳи муборизини тоҷик то амали намудани давлати Раҳмонуф ба мафоди сулҳ нестам… Чи кунем ҳоло, ки дасти бародарони мо ҳам танг аст ба Омир соҳиб мувофиқат кардам… Аммо ман нигарони такрор шудани таърихи муборизини Бухоро ҳастам…”
Мутаассифона пешбинии устод Абдуллоҳ Нурӣ ба ҳақиқат пайваст ва ҳокими Тоҷикистон сироти диктаторӣ дар пеш гирифт ва ба тамоми тааҳҳудоти худ пушти по зад.
Мутаассифона имрӯз раҳбари Наҳзат дар табъид ба сар мебарад, аъзо ва ҳаводорони Наҳзат дар зиндон ҳастанд ва рӯз ба рӯз низоми Тоҷикистон ба домани Маскав наздик ва наздиктар мешавад ва аз имтидоди ҷуғрофиёи строткжик ва таърихи тамаддунии худ фосила мегирад.
Тоҷикистон умқи строткжики ҷуғрофиёии тамаддунӣ ва табиии фарҳанги мост ва боист муносиботи мо дар ҳамаи заминаҳо роҳбурдӣ ва ҳадафманд бошад.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки шаҳид Масъуди азиз аз тамомияти арзии Тоҷикистон бо ҳамон ишқ ва ирода дифоъ намуд, ки аз кишвар ва зодгоҳи худ.
Мамнӯъ шудани фаъолиятҳои сиёсии Наҳзати Тоҷикистон на танҳо муғойири тавофуқномаи сулҳ мебошад, балки ин рафтори мустабидона ва ба дур аз хирадварзӣ ва тааққули сиёсӣ метавонад заминасози зуҳури гурӯҳҳои террорист ва ифротаро дар Тоҷикистонро муҳайё намояд.
Абдулҳай Хуросонӣ
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф