Рубрики Хабарҳо

Сафорати Русия ҳушдор дод зимни харидани билет аз қаллобон эҳтиёт кунанд

 Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш  ҳушдор дод, ки ҳангоми харидории билети парвоз ба мақсади Русия ҳушёр шаванд, ба фиреби қаллобон дучор нашаванд.

Валейри Катункин, мудири бахши консулии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт чанд гуруҳи фиребгар фаолияти худро бо додани ваъдаи дуруғи таҳияи билет ба шаҳрвандони Русия оғоз карданд.

Намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт иттилооте дарёфт карда ,ки бархе ширкатҳои миёнарав ба нафарони зиёде бидуни ба инобат гирифтани иҷозатнома, билетҳои ҳавопаймо ба мақсади Русияро фурухтаанд.

 Катункин ҳушдор дод ,ки ин фиребгарон тибқи як нақшаи монанд иқдом мекунанд ва сафорат ҳаргиз барои фуруши билет бо ҳеч ширкати миёнарав ҳамкорӣ намекунад.

 Ӯ афзуд; фақат шаҳрвандони Русия ,ки барояшон иҷозаисафар дода шудааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи саломатӣ доранд метавонанд билети парвозҳоро харидорӣ кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *