Рубрики Хабарҳо

Ҳукми табреаи “Полиси шариат” ботил шуд

Додгоҳи олии  Олмон ҳукми табреаи 7 узви гурӯҳи  «Полиси шариат»-ро ботил эълом кард. Онҳо ба иттиҳоми «пушидани юниформи ҳамсон, ки як равиши хосси сиёсиро таблиғ мекунад», муҳокима ва табреа шуданд. Ҳоло қарор аст муҳокимаи муҷаддади “Полиси шариат” баргузор шавад.

Додгоҳи олии Федералии Олмон ҳукми муттаҳамони парвандаи “полиси шариатро” дар шаҳри Вопертали ин кишвар ботил эълон карда, аз додгоҳи иёлатӣ хостааст ин парвандаро аз нав мавриди баррасӣ қарор диҳад.  

Додрасҳои додгоҳи олии федералии Олмон бар ин назаранд, ки додгоҳи шаҳри Вопертали Олмон дар иртибот бо ин парванда хатое қонунӣ муртакиб шудааст, зеро бозрасон дар ин парванда танҳо ин мавзӯъро баррасӣ карда буданд, ки оё метавон ин афродро ба иттиҳоми «пушидан юнифурми як шакл, ки як идеологияи  хосси сиёсиро таблиғ мекунад» ва тибқи моддаи аввали қонуни таҷамуъот  дар Олмон мамнӯъ аст, маҳкум кард ё на.

Ҳар 7 муттаҳам дар моҳи ноябри соли 2016 мелодӣ дар додгоҳи шаҳри Вопертали Олмон муҳокима ва табреа шуданд, зеро дар ин додгоҳ собит нашуд, ки онҳо хилофи «қонуни мамнуъияти пӯшидани юниформ» амал кардаанд, ё ба нақзи ин қонун кумак кардаанд.

Ба гузориши “Дойчевеле” истидлоли додгоҳи Вопертал ин буд, ки пӯшидани юниформи яксон танҳо замоне мамнӯъ аст, ки ҳолати шибҳинизомӣ дошта ё таъсири таҳдидомез дошта бошад. Аммо ба назари қозии додгоҳ Вопертал, камзулчаҳое, ки ин афрод мепӯшиданд, таъсири таҳдидомезе надоштааст. Илова бар ин, ба гузориши полис, ин афрод аъмоли хилоф  ва муҷримона муртакиб нашуда буданд ва камзулчаҳои онҳо ҳам тавқиф нашуда буд.

Аммо Додситонӣ  алайҳи ин ҳукм тақозои таҷдиди назар кард. Додситони Олмон ба думболи посухи ин пурсиш буд, ки оё усулан иқдомоте шабеҳи он чӣ дар Вопертал рух дод қобили таъқиб аст ё на, зеро табреаи ин афрод метавонад роҳро барои пайдоиш «полисҳои худхонда» боз кунад.

Акнун девони олии Олмон назарашро эълом ва ҳукми табреаро ботил кардааст. Додгоҳи олии федерали Олмон бар ин назар аст, ки судяи додгоҳи шаҳри Вопертал аслан ин нуктаро баррасӣ накардаанд, ки фаъолияти ин афрод  чӣ таъсире бар мухотибони мусулмони ҷавони онҳо доштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *