Сарвазири Арманистон Серж Саргсян истеъфо дод. Дар ин бора дар изҳороти ӯ дар сомонаи ҳукумати Арманистон хабар дода шудааст.
“Никол Пашинян ҳақ буд. Ман ноҳақ будам. Вазъи баамаломада чанд роҳи ҳал дорад, вале бо ҳеҷ яке аз он роҳҳо ман намеравам. Ин роҳи ман нест. Ман аз мақоми сарвазирии кишвар канор меравам”, — омадаст дар изҳороти Саргсян.
Сарвазири Арманистон илова кард, ки тазоҳурот дар кӯчаҳо алайҳи ӯ равона шудаанд: “Ман талаби шуморо иҷро мекунам. Ба кишварамон сулҳу осоиш ва роҳи дуруст орзу мекунам”.
Аз 13 апрел дар Ереван тазоҳуроти мардум алайҳи сарвазир таъин шудани собиқ раисҷумҳури кишвар идома дошт. Пулис ҳар рӯз гурӯҳе аз тазоҳургаронро боздошт мекард. Дирӯз раҳбари мухолифон Никол Пашинян, бо Саргсян мулоқот кард, вале ҳамагӣ чанд дақиқа пас раҳбари давлат талаби истеъфоро шантаж номида, вохӯриро қатъ кард.
Дирӯз дар тазоҳуроти Ереван беш аз 150 ҳазор нафар ҷамъ шуданд, вале пулис дар бораи 35 ҳазор мегуфт. Беш аз 230 нафар боздошт гардиданд.
Соли 2015 Арманистон ба сохтори идории парлумонӣ гузашт. Дар натиҷа ҳуқуқҳои сарвазир зиёд гардида, раисҷумҳур як мансаби расмиятӣ гашт. Саргсян аз соли 2008 то 2018 раисҷумҳури Арманистон буд.