Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова
Ин ҳафта низ мисли ҳафтаи пешин, ба бону ихтисос дорад. Дӯстон дар Кумита (КШНГЗС) исрор доштанд, ҳафтаи ҷорӣ низ ба ин зиндонии сиёсӣ ихтисос ёбад. Ҳам аз ин ҷиҳат, ки 8 март — ки Рӯзи байналмилалии бонувон аст — дар ҳафтаи ҷорӣ воқеъ аст ва ҳам аз ин ҷиҳат, ки барои озодии ин бону ҳанӯз саъю кӯшиши лозим ба харҷ дода нашуда. Ба ҳар сурат, аз хоҳарону бародарони тоҷикистонӣ умед меравад, барои озодии ин бонуи арҷманд, садои худро баланд ва ҳар чи дар тавон доранд, ҷиҳати раҳо шудани ӯ аз сиёҳчоли режими Эмомалӣ Раҳмон ба харҷ диҳанд.
Дар ин ҳафта, меҳвари сӯҳбатҳои роқими сутур ин аст, ки: мо, тоҷикҳо, ба хусус рӯзноманигорон ва аҳли ба истилоҳ, зиё ва ба вежа агар бонуст, вақте як зан дар нуқтае аз нуқоти ҷаҳон мавриди ситам қарор бигирад, чунон ҷиғу фарёд мекашем, ки ҳанҷараамон пора мешавад. Чунонки чанд сол пеш дар мавриди як бонуи афғонистонӣ, ки тавассути афроде бераҳм дар ин кишвар кушта шуд, дод задем, ки: ё айюҳан-нос! Ин бону мавриди зулм воқеъ гардид ва мазлумона кушта шуд! Ёд дорам, ҳатто шеъре низ тавассути шодравон Бозор Собир суруда шуда ва ба сурати бисёр васеъе пахш гардид. Аммо, бо камоли таассуф, дар бораи Шоҳида Маҳмадҷонова, ки ҳаммиҳани худамон аст ва мисли равшании хуршед барои ҳамаамон маълум аст, ки беҷиҳат ва бе ягон ҷурме зиндониаш кардаанд, сокиту хомӯшем; гӯ ин ки ҳеч иттифоқе рух надода.
Ин гуна бархӯрдҳои дугонаамон роҷеъ ба қазияи бонувон — ки барои яке ҷиғ мекашем ва барои дигаре кулӯх бар лаб мегирем — аст, ки одам дар садоқати мавзеъгириҳои бархеҳо шак мекунад, ки оё воқеан аз рӯи инсоният ва барои дифоъ аз ҳарими занон аст ва ё ин ки барои ҳадафе дигар ин гуна мавзеъ гирифта?!
Ва ин дар ҳоле аст, ки зиндонӣ кардани ин бону аз сӯи режими Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири фаъолиятҳои писараш аст ва ҳеч далеле дигар надорад. Ӯро фақат ба ин далел ба сиёҳчол афкандаанд, ки писараш алайҳи сиёсатҳои ин режим ҳарф мезанад. Ва ба гуфтаи худи Абдураҳмон09 ба Радиои Озодӣ, як мақоми амниятӣ ва ё интизомии Тоҷикистон дар тамосе бо Абдураҳмон09 тасреҳ кардааст, ки агар ту, эй ҷавон, бихоҳӣ модарат озод шавад, танҳо роҳаш ин аст, ки бояд аз ҳарф задан алайҳи сиёсатҳои режим даст бардорӣ! Яъне, ин мақоми сиёсӣ ба сурати ошкор ва сареҳ, далели зиндонӣ шудани ин бонуро бароямон баён карда, ки ӯ ҳеч гуноҳе ба ҷуз ин ки фарзандаш алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон ва дар бораи сатру ҳиҷоби бонувон ҳарф мезанад, надорад.
Хуб, оё далеле равшантар аз ин бар бегуноҳӣ ва мазлумияти ин бону вуҷуд дорад?
Бинобар ин, воқеан ҷойи таассуф аст, ки касе аз рӯзноманигорони матраҳи мо, ба хусус аз ҷинси латиф, ҳеч чизе барои мазлумияти ин бону ва озодии ӯ ба забон ҷорӣ насохт. Бимонад, ки шоирони мо, ки дилашон барои бонувони афғонистонӣ аз зулми Толибон масалан месӯзад ва ашъори баланду болое барои онҳо месароянд, кулӯх бар лаб ниҳода ва ҳеч чиз — то чи расад ба шеър – ба забон наёварданд.
Шояд гуфта шавад, ақоиду афкори Абдураҳмон09 – ки аз барномаҳои видеоии ӯ мушаххас аст — на танҳо хушоянди бархе аз шаҳрвандони мо, ба хусус рӯзноманигорон ва аҳли зиё нест, ки ҳатто аз назари онҳо, мавриди инкор ҳам ҳаст ва ин ҷавон афкори ба истилоҳ, тунд ва ифротӣ дорад ва аз ин рӯ, пуштибонӣ аз қазияи модараш, ба наҳве ба маънои ҳимоят ва пуштибонӣ аз ӯст. Бинобар ин аст, ки онҳо тарҷеҳ медиҳанд, чизе дар бораи ин бону нагӯянд.
Дар посух ба ин шубҳа гӯям: фарҳанге, ки дар вуҷуди мо ҳоким будааст ва дар зеҳнамон ҷавалон мезанад, бо камоли таассуф чандон фарқе бо фарҳанг ва зеҳнияти мақомоти ҳокимамон надоштааст. Яъне, бар мабнои ин фарҳанг, агар мақомоти кишварамон ин бонуро ба хотири фаъолиятҳои фарзанди болиғаш зиндонӣ кардаанд ва мо дар баробари он сокитем, ин бад-он маъност, ки мо низ мисли мақомот гумон мекардаем ва дорои чунин зеҳнияте будаем – ҳарчанд нохудогоҳ – ки ин модар бояд ва воҷиб аст, ки посухгӯ ва масъули кардаҳои писари болиғаш бошад.
Оё сукути мо ба ҳамин маъно нест?
Агар қарор аст, меъёр дар дифоъ аз як мазлум ва бегуноҳ чистии ақоиду афкори бастагони ӯ аз падару модару хоҳарону бародаронаш бошад, пас, ба тариқи авло ин аъзои Кумита (КШНГЗС) ё фаъолони Паймони Миллӣ ва ё Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд, ки дар мавқеъи феълӣ вақте модари Абдураҳмон-09-ро боздошт ва зиндонӣ карданд, сукут ихтиёр мекарданд ва чизе намегуфтанд ва бо ин сукуташон ризояти хешро аз зиндонӣ шудани модари амсоли Шерзод Маҳмадҷонов иброз медоштанд. Зеро, афкор ва мазеъгириҳои аъзои ин созмонҳо ва гурӯҳҳо бо ақоид ва афкори ин ҷавон, яъне Абдураҳмон09, аз замин то ба осмон фарқ мекунад, ба гунае, ки Абдураҳмон09 гоҳе ба сароҳат мавзеъи мухолифони тоҷик аз ПМТ ва ё ҲНИТ-ро ба боди интиқод ва аҳёнан алайҳи онҳо мавзеъ гирифта. Дар яке аз барномаҳои Домулло Муҳаммадиқболи Садруддин, ки Абдураҳмон09 ба унвони меҳмон ҳузур дошт, ба сурати ошкор аз сиёсатҳои мухолифон ва ба хусус ҲНИТ интиқод мекард, ки масалан, онҳо ҳомии демукросӣ ҳастанд ва он аз Ислом ба дур аст ва онҳо нисбат ба гурӯҳи Толибон назари манфӣ доранд ва ғайраву ҳоказо.
Ва ин дар ҳоле аст, ки хушбахтона, меъёри аъзои Кумита (КШГНЗС) ё фаъолони ПМТ ва ё ҲНИТ дар дифоъ аз як мазлум ва ситамдида, чунонки дидаед ва мебинем, ҳаргиз ва абадан гароишҳои сиёсии тараф ва ё ақоиду дину мазҳаби ӯ – то чи расад ба гароишҳо ва ақоиди бастагонаш – набуда ва нест. Он чи барои онҳо муҳим аст ва аҳаммият дорад ин аст, ки тараф мазлум аст ва воҷиб аст аз мазлум ва ситамдида дар ҳар сурат дифоъ шавад. Чизе, ки бо камоли таассуф – ва маҷбурам инро бигӯям – дар ҷомеаи мо дар ғайри онҳо дида намешавад. Боре, бо як ба истилоҳ, зиёӣ дар ин хусус, ки чаро аз зиндониёни сиёсии ҲНИТ дифоъ намекунанд, баҳсам шуд. Дар фазои маҷозӣ, ба назарам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук. Ӯ ба сароҳат гуфт, ки онҳо (яъне наҳзатиҳо) исломгаро ҳастанд ва аз назари баъзе аз ба истилоҳ, равшанфикрон, дар зиндон будани наҳзатиҳо – ки ба таъбири ӯ, “ифротгаро” ҳастанд – беҳтар аз озодиашон аст. Ӯ ба сароҳат ба ман чунин гуфт. Ин аст, мутаассифона дидгоҳи баъзе аз мо нисбат ба зиндониёни сиёсии ҲНИТ.
Аммо чунонки арз шуд, аъзои КШНГЗС ё ПМТ ва ё ҲНИТ чунин нестанд. Онҳо амалан исбот кардаанд, ки аз мазлум ҳатто агар дигарандеш аст, бояд дифоъ кард. Умедворам, ин руҳияи онҳо барои дигарон улгу қарор бигирад!
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Шоҳида_Маҳмадҷонова