11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Душмани масҷид” раиси вилояти Суғд шуд

Раҷаббой Аҳмадзода, аллакай собиқ раиси Кумитаи замин ва собиқ шаҳрдори Хуҷанд, ки бинобар масҷидбандиҳояш “душмани масҷид” лақаб гирифтааст, ба раёсати вилояти Суғд таъин шуд.

Бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раҷаббой Аҳмадзода дар вазифаи наваш Абдураҳмон Қодириро иваз кард. Аҳмадзода авоили соли 2016 раисии шаҳри Хуҷанд ба мансаби раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон даст ёфта буд. Замони раёсати ӯ дар дуввумин шаҳри Тоҷикистон ба муборизаи ҳукумат алайҳи масоҷид рост омад ва Аҳмадзода дар ин мубориза саҳми бузурге гузошт.

Рӯзи 8-уми феврали соли 2016 раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода буд, масоҷиде, ки дар наздикии масҷиди дигар қарор доранд, ба “ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ” табдил дода шаванд. «Ягон сехи дӯзандагӣ ё чойхона кунед. Агар масҷиди калонтар бошад, кӯдакистон кунед, то ба мардум ҷойҳои корӣ шавад» — гуфта буд шаҳрдори онвақтаи Хуҷанд. Баъди ин фармони ӯ масоҷиди зиёде дар маркази вилояти Суғд баста шуданд.

Аҳмадзода бо лаҳни шадиду таҳқиромезаш нисбати уламои динӣ низ шӯҳрат касб карда буд. Маҳз бо супориши ӯ аввалин рейдҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нисбати занҳои сатрпӯш сурат гирифта, ӯ супориши бастани нуқтаҳои фурӯши либосҳои исломиро дар бозорҳои Хуҷанд дода буд.

Тибқи иттилои як манбаъи Паём замони раиси шаҳри Хуҷанд буданаш, Аҳмадзода бар сари заминҳои шаҳр бо раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ихтилофи зиёд дошт ва ин боис шуд, ки ӯ барои пирӯзӣ бар Қодирӣ дар баҳси замин мансаби раиси Кумитаи заминро бихарад.

Замони раҳбари Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон буданаш номи Раҷаббой Аҳмадзода бо ироаи тарҳе, ки дар деҳоти кишвар сохтмони биноҳои баландошёнаро дар назар мегирифт, расонаӣ гардид.

Ин тасмим, ба гуфтаи ӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз сохтмони хонаҳо дар заминҳои кишт гирифта шудашуда буд. Тибқи гуфтаи Раҷабзода. мутахассисон бояд масъалаи канализатсия ва дигар масоили дахлдор ба бунёди биноҳои баландошёна дар деҳотро баррасӣ карда, сипас ба бунёди онҳо оғоз мекарданд.

Аҳмадзода 47 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд аст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *