Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон” созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, созишномаро 17-уми сентябр дар шаҳри Вена вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Фонди ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа имзо карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати молия “Маблағи умумии лоиҳа 53,5 млн. доллар ва аз он саҳми Бонки исломии рушд – 15 млн. доллар, Фонди Саудии рушд – 25 млн. доллар, Фонди байнулмилалии рушди ОПЕК – 10 млн. доллар ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон – 3,5 млн. долларро ташкил медиҳад”,.
Гуфта мешавад, мақсади амалисозии лоиҳа беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасии онҳо ба таъминоти об мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур охири соли 2019 оғоз шуда, соли 2025 ба анҷом мерасад.