Никоҳ дар шариати Ислом пайванди муқаддас мебошад. То замоне, ки сабабҳои ҷиддие, ки худи шариат гузоштааст, пайдо нагарданд, никоҳро вайрон сохтан, ҳаром мебошад. Зан ва ё марде, ки бесабаб никоҳи худро вайрон мекунанд, дар назди тамоми уламои шариат гунаҳгор ҳастанд.
Аммо, баъзан ҳолатҳои истисноие вуҷуд дорад, ки худи шариат амр мекунад, то никоҳи ду нафар бекор карда шавад, ки инро дар китобҳои фиқҳ “фасхи никоҳ” мегӯянд.
Ҳоло оиди ҳолатҳое, ки дар он бояд никоҳ вайрон гардад ва зану шавҳар билофосила аз ҳам ҷудо гарданд дида мебароем.
ФАСХ БА САБАБИ ШИРХОРАГӢ
Шариати Ислом пас аз хешовандӣ, ширхорагиро яке аз сабаби асосии маҳрамият қарор додааст.
Дар ояти 23 сураи Нисо ва аҳодиси зиёд ба мисли:
يحرم من الرضاعة ما يحرم من النسب
Ҳар зане, ки ба сабаби пайванди хуну хешованди барои мард маҳрам бошад, ба сабаби ширхорагӣ низ маҳрам мебошад, (Бухорӣ ва Муслим)
омадааст, ки ҳар зане, ки бо мард аз як модар шир хӯрда бошад, ба мард маҳрам мегардад ва мисли хоҳари зодааш ҳукм дорад. Инчунин, хоҳари зани ширдода, хоҳаршавҳари зани ширдода, наберагони зани ширдода, ба кӯдаки ширхӯрда маҳрам мегарданд, ва асло бо онҳо никоҳ кардан, ҷоиз нест.
Агар зану марде бо ҳам издивоҷ кунанд ва пас аз издивоҷи онҳо, агарчӣ муддати тӯлони гузашта бошад ҳам, баён гардад, ки онҳо аз рӯи ширхорагӣ хоҳару бародар ва ё аммаву ҷиян ва ё тағову ҷиян ҳастанд, бояд бо таҳқиқ шудани ҳақиқати хабар аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Ба маҳзи он, ки занушавҳар дарак меёбанд, ки аз рӯи ширхорагӣ ва ё хешованди маҳрами ҳам будаанд, никоҳашон ботил мегардад. Ва барои абадӣ ҳаққи бо ҳам никоҳ карданро надоранд.
Вақте фаҳмиданд, ки аз рӯи ширхорагӣ маҳрами ҳамдигар будаанд, ба назди қозӣ ва ё шахси дигар рафтан низ лозим нест, бо баён гаштани маҳрамият аз ҳам ҷудо мегарданд.
АЗ ИСЛОМ ХОРИҶ ШУДАНИ ЯКЕ АЗ ҲАМСАРОН
Яке аз бадтарин гуноҳе, ки дар шариат вуҷуд дорад ва муҷиби гирифтани ҷазо дар дунёву охират мегардад ин рӯй гардонидани шахси мусалмон аз динаш мебошад, ки инро дар шариат ридда ва ё шахси муртад мегӯянд.
Агар зан ва ё шавҳар аз дини Ислом рӯй гардонад, Аллоҳу Расулашро инкор кунад ва ё ҳароми возеҳеро ҳалол хонанд ва ё яке аз фарзҳои Илоҳиро дониста, қасдан инкор кунад, бешак аз дин хориҷ мегардад ва никоҳаш низ бекор мегардад.
Аллоҳ мегӯяд:
لا هن حل لهم و لا هم يحلون لهن
На занҳои мусалмон ба мардҳои кофир ҳалол мебошанд, на мардҳои кофир ба занҳои мусалмон. (сураи Мумтаҳана ояти 10)
Дар китобҳои таърих омадааст, ки вақте шавҳари Уммуҳабиба Рамла духтари Абусуфён дар Ҳабаша муртад гашта, дини насрониро қабул мекунад, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам Рамларо ба ҳамсарӣ мегиранд. Сабаби ҷудо шудани Рамла аз шавҳараш ин муртад гаштан ва насронӣ шудани шавҳараш буд.
Дар назди аксари уламо, агар шавҳар то ба поён расидани иддаи занаш тавба карда, ба ислом дубора баргардад, ҳақ дорад бо ҳамсари худ зиндагӣ кунад ва ҳеҷ никоҳи нав зарурат надорад, аммо агар пас аз гузаштани идда тавба кунад, дар ин ҳолат никоҳи нав, маҳри нав, ризогии зан ҳатмист.
ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯКЕ АЗ ҲАМСАРОН
Агар зану шавҳар, ғайри мусалмон бошанд ва яке аз онҳо ислом оварад, никоҳи онҳо вайрон мегардад.
Агар зан мусалмон гашт ва шавҳараш исломро напазируфт, никоҳи онҳо бурида аст ва бояд зан аз шавҳараш ҷудо гардад.
Аллоҳ мегӯяд:
لا هن حل لهم
Занҳои мусалмон барои мардҳои кофир ҳалол нестанд.(сураи Мумтаҳана ояти 10)
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам духтари худ Зайнабро аз назди шавҳараш Абулос ба наздашон ҷудо карда гирифта буданд, зеро Зайнаб мусалмон буд, аммо Абулос мушрик буд. Албатта, дертар Абулос низ ислом оварду ба назди Зайнаб ҳамсари пештарааш баргашт.
Агар шавҳар исломро қабул кунад ва хамсараш аз аҳли китоб яҳудӣ ва ё насронӣ бошад, никоҳи онҳо барҳам намехӯрад ва метавонад бо зани китобии худ зиндагӣ кунад. Барои он ки Аллоҳ дар сураи Моида мегӯяд:
Никоҳи занҳо покдомани аҳли китоб барои шумо ҳалол мебошад.
Аммо, агар мард мусалмон гашт ва занаш аз аҳли китоб набуд будпараст, оташпараст, бехудо ва ё ҳар оини дигари ғайриосмониро мепарастид, дар ин вақт ҳатман бояд аз занаш ҷудо гардад. Барои он ки никоҳи марди мусалмон бо зани мушрик ва ғайримусалмон ва аҳли китоб ҷоиз нест.
Боре қиссаи аҷибу мутаассири духтараки фаронсавие, ки ҷазоириасл буд, шунида будам, ки то ҳол зеҳнамро машғул месозад.
Духтарак ба шайх Арафӣ занг зада, гирякунон мепурсид:
Шайх ман пас аз мутолиаву кофтукобҳои амиқ дини аҷдодони худамро пайдо кардам, ман мусалмонзода будаам, ҳоло бошад ба хондани намозу иҷро кардани аҳкомҳои Илоҳӣ шурӯъ кардам, шайх, аммо шавҳарам мусалмон нест, ӯ ҳеҷ кадом динеро намеписандад, ба ҳеҷ оине пайравӣ намекунад, будани Холиқро инкор мекунад, шайх, ҳарчӣ мегӯям, қабул надорад, ман чӣ кор кунам, оё бо чунин мард зиндагӣ карданам ҷоиз аст ва ё на?
Шайх дар ҷавоб гуфтанд, хоҳарам байни шумо ҳеҷ никоҳе вуҷуд надорад, аз назди он мард бирав, ӯ ба ту бегона аст.
Духтарак сухани шайхро шунида мегирист, ман куҷо равам, ман касе надорам, ман танҳо ҳастам.
Он вақт шайх ба духтарак гуфтанд: Ба масҷид рав, он ҷо дӯстони зиёде пайдо мекунӣ, хоҳару бародарони мусалмонатро мебинӣ, бешак Аллоҳе, ки туро аз оташи ҷаҳаннам бо нури ҳидояташ наҷот дод, аз танҳогиву бекасӣ низ раҳоят мекунад, қавӣ бош ба Аллоҳ таваккал кун, ҳама мушкилиҳоят бартараф мегардад, аммо аз шавҳари ҳозираат ҷудо шав.
Духтарак каме таскин ёфт ва бо илтимоси дуо зангро қатъ кард. То ҳол аз худ суол мекунам, ҳоли он хоҳар чӣ шуда бошад, аммо яқин дорам, Аллоҳ ба ваъдааш хилоф намекунад,
و هو يتولى الصالحين
Кӯмаку дастгирии шахсони солеҳ, ёру мададгори муъминони ҳақиқӣ, Аллоҳ мебошад.
Пойбанди дини худ, бандаи холиқи худ бошед ва албатта ба азизони худ қадрдону меҳрабон бошед.
Муслима Аҳмадӣ