Рубрики Хабарҳо

Лукашенко бо роҳбарони оппозитсия мулоқот кард

Александр Лукашенко, президенти Беларус бо роҳбарони зиндонишудаи оппозитсия мулоқот кард. Дар ин бора дар Telegram-канали «Пул Первого» хабар нашр шуд. Бино ба иттилои манбаъ ин мулоқот рӯзи 10 октябр  дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и Кумитаи амнияти миллии Белорусия суръат гирифтааст. 

Гуфта мешавад,  Лукашенко бо маҳбусон чоруним соат суҳбат кардааст, «то ки ақидаи ҳамаро шунавад». Лукашенко дар ин мулоқот гуфтааст, ки «Конститутсия дар кӯча навишта намешавад». Аегнтии Иттилоотии русии «Новости» менависад аз ин ҳарфи Лукашенко метавон хулоса кард, ки мулоқоти Лукашенко дар бораи Конститутсия будааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки муҳтавои суҳбат махфӣ боқӣ бимонад. Дар пасманзари ин мулоқот рӯзи 10 октябр ба Светлана Тихановская – рақиби асосии Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август – бори аввали иҷозат доданд, то бо шавҳараш Сергей Тихановский, ки аз моҳи май дар ҳабс қарор дорад, телефонӣ суҳбат кунад. Тихановскаяро баъди интихобот маҷбур карданд, ки тарки Беларус кунад ва ба Аврупо паноҳ барад.

Лукашенко, ки аз соли 1994, инак 26 сол боз роҳбарии Беларусро дар даст дорад, худро ғолиби интихоботи 9 август эълон кард, вале мухолифин ва ҳамин тавр, кишварҳои Ғарб пирӯзии ӯро эътироф накарданд ва инак ду моҳ боз дар Беларус эътирозҳои густарда бо талаби истеъфои Лукашенко идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *