Президент Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи роҳҳои ноҳамвор ва фасоди идорӣ мехоҳад қудратро ба писараш интиқол диҳад.
12-уми декбари соли 2017 дар мувофиқа бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар 26 сохтори калидии Вазорати корҳои дохила, аз ҷумла раёсатҳои ин вазорат дар пойтахт вв дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ворид карда шуд. Пеш аз ин якбора се муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам бо фармони Э.Раҳмон иваз карда шуда буданд.
Дар робита ба тағйироти ахири кадрӣ дар сохторҳои вазоратҳои қудратии Тоҷикистон, коршиносон мегӯянд, ки ҳадаф аз чунин тағйирот дар сохторҳои калидии Вазорати корҳои дохила (ВКД) ва пеш аз он дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон омодагии Эмомалӣ Раҳмон ба хотири интиқоли дурушт ва ноҳамвори қудрат аз падар ба писар аст.
Ба таъбири онҳо, дурушт ба он маъност, ки Эмомалӣ Раҳмон дониста ҳаққу ҳуқуқи ҳамсафон ва ҳамсангаронашро нодида гирифта, на танҳо писарашро аз онҳо болотар мегузаронад, балки онҳоро маҷбур мекунад, ки зертобеи писараш шаванд ва ноҳамвор низ ба ин маъно, ки аз баски худаш ба ҳамроҳонаш бовар надорад ва ба ҷои он, ки ҳамсафонашро кафили давомнокии ҳукуматаш бидонад, баръакс ҳар лаҳза гумону шубҳаҳояш нисбат ба онҳо зиёдтар шуда, садоқати онҳоро як навъе ҳирсталабӣ ва фурсатшуморӣ қабул мекунад.
Бо ин вуҷуд, Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран бо анҷоми ин тағйироти «косметикӣ» афроди вафодортар ба оилаашро дар шаҳри Душанбе мустақар ва муваззаф мекунад, то ба ин восита битавонад бо як тир ду нишон бизанад: яке дар ҳолати интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳамаи авзоъ зери контрол бошанд ва аз тарафи дигар бо ин восита командаи наверо дар атрофи писараш Рустам, шаҳрдори пойтахт беш аз пеш тақвият бахшад. Аммо иштибоҳ мекунад, ин кадрҳои навтаъйиншуда низ медонанд, ки ин режим ба вофодортарин афродаш дар гузашта чӣ подоше дода аст?
Кадрҳои навтаъйин шуда кафолати 100% надоранд!
Ба гуфтаи коршиносон, табиати режимҳои тоталитарӣ ва ё худкома тавре шакл мегирад, ки бо дароз шудани замони ҳокимият ва сари қудрат будан, шаккокии давлатмардони онҳо низ ба ҳамсафон ва ҳамсангаронашон меафзояд. Аз сӯи дигар, атрофиён ва дарбориёни кишварҳои худкома низ аз шакли раҳбарии як навохт ва зиндагии якрангашон дилбазан шуда, ихлос ва бовариашон ба раҳбарони худ рӯз то рӯз камтар мешавад.
Бо ин ҳол, ҳар андоза, ки ҳокимияти ҳокимони худкома зиёд шавад, шубҳанокии онҳо ба афроди наздики худ ва дигар атрофиёнашон низ бештар мешавад. Ба ин хотир, ҳамеша талош мекунанд, ки афроди шубҳанокро аз худашон дур карда, мувақаттан ба ҷои онҳо шахсони боэътимодтареро дар атрофашон ҷамъ кунанд.
Режимҳои худкома ҳамеша дар вақти интихоб ва таъйини кадрҳо риск мекунанд, чун бовар надоранд ва эътимодашон нисбат ба зердастон ва атрофиёнашон ҳамеша дар ҳолати коҳишёбӣ аст. Раҳбарони худкома вақте ҳам касеро ба вазифае таъйин мекунанд, касе ба онҳо кафолати 100% дода наметавонад, ки ин кадрҳои навинтихоб кардаашон то охир ба онҳо содиқ мемонанд.
Дар Шарқ ба Хоҷа итоъат мекунанд, на ба касе дигар!
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар тағйироти ахири кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ, ба хусус ВКД ва КДАМ каме ҳам бошад, таъсир расонд, аммо амалан ин кори ӯ хеле ночиз аст, чун танҳо бо як кадри ба эътимодаш подполковники қалбакии милитсия Саидзода Шоҳрух Абдуфатоҳ, писархонди падараш ва писари Абдулфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов)-ро ба курсии сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД биншонад. Аммо ӯ ҳамон Шоҳрух ҷавони бетаҷрубаест, ки ҳамагӣ дар зарфи камтар аз се сол ҳам рутбаи подполковникӣ ва ҳам вазифаашро безаҳмат соҳиб шудааст ва амалан на саводи хубе дораду не малака ва таҷрибаи корӣ, ки дар ҳолати мабодо бе кӯмаки дигарон дар ин вазорат солим аз вазъият баромада тавонад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки «бо як гул баҳор намешавад!»
Аз ҷониби дигар, табиати мардуми Шарқ тавре офарида шудааст, ки ҳамеша аз Хоҷаи худ итоат мекунанд, на аз зану писари ӯ. Ба иборати дигар, мардуми Шарқ ҳамеша аз соҳиби мансаб ва соҳиби қудрат итоат мекунанду фармон мебаранд, на аз дигарон. Агар ҳамин рӯз президент Э.Раҳмон, бимирад ё аз вазифа барканор шавад ва ё худаш истеъфо бидиҳаду фаразан духтари Сангак Сафаров ва ё маъшуқаи Саидшо Шамолов ба қудрат бирасанд, ҳамин кадрҳои имрӯза ҳама аз онҳо итоат мекунанд, ва дигар касе аз писари вай Рустами Эмомалӣ итоат нахоҳад кард.
Ҳамзамон гуфта мешавад, афрод ва дигар касоне, ки ҳам акунун дар атрофи шаҳрдори ҷавони пойтахт ҷамъ карда шудаанд ва ё ин, ки дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум дар ҷомеа зоҳиран аз Р.Эмомалӣ пуштибонӣ мекунанд, ин кори онҳоро наметавон ихлос ва боварӣ талаққӣ кард, балки онҳо амалан аз рӯи маҷбурӣ ва худфиребиашон чунин корҳоеро анҷом медиҳанд, чун дигар ба интиқоли қонунӣ ва конститутсионии қудрат, ки бар асоси интихоботҳои озод ва оромона сурат бигарад, бовар надоранд.
Ба ҷои хулоса
Биноан, метавон гуфт, ки командасозии президент Эмомалӣ Раҳмон барои писараш Рустам дар шаҳри Душанбе як навъ қудратнамоии «косметикӣ» аст ва касоне, ки айни замон дар ниҳодҳои қудратӣ ва элитаҳои иқтисодиву сиёсӣ атрофи Рустами Эмомалӣ гирди ҳам оварда мешаванд, тавре, ки гурӯҳ-гурӯҳ оварда шуданд, бо марги падараш ва ё канор рафтани вай аз қудрат, онҳо низ гурӯҳ-гурӯҳ аз атрофи шаҳрдори ҷавони пойтахт пароканда хоҳанд шуд. Ва фурсатталабони ин афрод ҳамоно дар сафи аввали мухолифини Рустами Эмомалӣ сангар хоҳанд гирифт….