Categories Хабарҳо

Афзоиши воридоти гандум аз Қазоқистон

Дар муддати 9 моҳи охир, аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи майи соли 2023, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон пас аз Узбакистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Хабаргузории бо истинод ба омори расмии Қазоқистон навиштааст, ки дар ин муддат ин кишвар ба Тоҷикистон 804 ҳазору 500 тонна гандум содир кардааст. Дар худи моҳи майи имсол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 67 ҳазор тонна гандум ворид шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи собиқ Тоҷикистон ҳамагӣ 667 ҳазор тонна гандуми қазоқӣ харидорӣ карда буд.

Хотиррасон мекунем, ки баҳори соли ҷорӣ дар ҷараёни ҳамоиши тоҷирони Қазоқистону Тоҷикистон 39 қарордод ва қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллар баста шуда, дар қарордодҳои имзошуда, аз ҷумла, интиқоли гандум ва равғани офтобпараст ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *