Дирӯз, 14 январ, тахминан соати 16:30 дар кӯчаи Рӯдакӣ 176 шаҳри Душанбе таркиши норинҷак рух дод, ки боиси марги як нафар гардид.
Тибқи иттилоъи ВКД, сокини ҳуҷраи 5-и ҳамин бино Мезентсев Иван Андреевичи 33-сола норинҷакеро ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ он дар назди даромадгоҳи бинои мазкур таркиааст.
Мезентсев норинҷаки РГД-5-ро дар ҳолати мастӣ бо худ гирифта, берун баромадааст ва маълум нест чӣ ҳадаф доштааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД мегӯяд санҷиши ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.