Рубрики Хабарҳо

Тарси давлати Сисӣ аз сирояти ҷунбиши «ҷалиқазардҳо»ба Миср

Дар остонаи солгарди қиёми мардуми Миср алайҳи Ҳуснӣ Муборак, давлати ин кишвар даст ба иқдомоти пешгирона задааст. Яке аз ин иқдомот контроли фурӯши ҷалиқаҳои зард аст, ки барои ҳолатҳои изтирорӣ ҳангом ронандагӣ тавлид шудаанд, иттилоъ медиҳад DW.

«Ҷунбиши ҷалиқазардҳо», ки аз Фаронса оғоз шуд ва сипас ба Белгия ва Нидерланд сироят кард, на танҳо давлатҳои ин кишварҳоро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷиҳ карда, балки ба назар мерасад, ки хоби давлатмардони Мисрро ҳам ошуфта кардааст.

Ҷалиқаҳое, ки мӯътаризони кишварҳои аврупоӣ ба тан мекунанд, дар асл «ҷалиқаи эҳтиёт» ҳастанд, яъне барои ронандагоне дар назар гирифта шудаанд, ки пас аз як мушкили фаннӣ ночор ба тарки худрави худ ё таъмири он мешаванд.

Бар асоси бахшномае, ки давлати Миср содир карда, бозаргонон муваззафанд ин гуна ҷалиқаро фақат ба афроде бифурӯшанд, ки як ширкат ё идораи давлатиро намояндагӣ мекунанд ё ин ки дорои муҷаввизи вижа барои харид он ҳастанд.

Сарзамини зулму шиканҷа

Ин иқдоми давлати Миср баёнгари ваҳшати он аз бурузи нооромиҳои тоза дар остонаи солгарди ҷунбиши мардумӣ дар даврони диктатори пешин, Ҳуснӣ Муборак аст.

Ин дар ҳоле аст, ки раисҷумҳур Абдулфаттоҳ Ас-сисӣ дар панҷ соли гузашта ба шеваҳои гуногун эътирозот дохилиро саркӯб карда ва бо якдаст кардани расонаҳо ва контроли фаъолиятҳои интернетӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, имкони бурузи ҳар гуна интиқод ва эътирозро то ҳадди зиёде аз байн бурдааст.  

Айдо Сайфуддавла, яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Миср мегӯяд, ки “Сисӣ ҳеҷ фазои озоде нагузошта” ва ҳатто пешгирона амал мекунад, яъне фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоиро пешопеш дастгир ва таҳдид мекунад.

Созмонҳои мустақили ҳуқуқи башар шумори зиндониён сиёсӣ дар Мисрро ҳудуди 60 ҳазор нафар тахмин мезананд.

Сайфуддавла, ки пештар раиси «Маркази Надим», як клиники хусусӣ барои расидагӣ ба қурбониёни шиканҷа буд, бо шумори зиёде аз қурбониёни шиканҷаҳои ваҳшиёна ва таҷовуз дар зиндонҳои Миср сару кор доштааст.

Ин марказ тавассути неруҳои давлатӣ таътил шуд, аммо Сайфуддавла аз мубориза барои бозгушоии он даст накшида ва ба додгоҳ шикоят кардааст, бидуни ин ки ба ҳукми додгоҳ ба нафъ худаш умедвор бошад.

Ӯ таъкид мекунад, ки бо тамоми фишорҳое, ки раисҷумҳури феълӣ ва фармондеҳи пешини артиши Миср ба фаъолон оварда, ҳанӯз афроде ҳастанд, ки ба дифоъ аз ҳуқуқ башар мепардозанд.

Шояд ба ҳамин далел Ас-сисӣ ва ёронаш дар марокизи қудрат аз рушди эътирозот метрсанд ва барои ҷилавгирӣ аз он истифода аз ҷалиқаи зард бидуни муҷаввизи давлатро мамнуъ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *