Додситонии шаҳри Душанбе аз боздошти духтур-ҷарроҳи МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ бо иттиҳоми расонидан ба марг бинобар “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ” хабар дод.
Табиб Абдурасул Ҳоҷиев дар марги Севинч Шукуроваи 17-сола муттаҳам мешавад.
Додситонӣ иттилоъ дода, ки “хулосаи коршиносон 16 майи соли 2023 омода ва ба прокуратура пешниҳод гардида, тибқи он сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза” буда, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъин ва гузаронида шудааст.”
Натиҷаи “номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев А.М.” ба қавли додситонӣ ин шуда, ки “ ҳолати ноболиғ Шукурова С. вазнин гардида”, фавтидааст.
“Оиди ҳолати мазкур 16 майи соли 2023 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе нисбати духтур-ҷарроҳи МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Ҳоҷиев А.М. парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 129 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд”- омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Қаблан , як сокини шаҳри Душанбе ба писар ва духтари раисҷумҳур — Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар пайи марги духтараш Севинч Шукурова дар фейсбук нашр шуда буд.
Модари Севинч дар номаи худ навишта, ки “духтурам ягон беморӣ надошт ва танҳо баъди таъин ва гузаронидани маҳлули “Лидаза” аз ҷониби духтур Абдурасул Ҳоҷиев ҳоли ӯ якбора бад шуда, дертар ба ҳалокат расид”.