Дар Самарқанд, дар паи таркиши газ дар яке аз манзилҳои хусусӣ чанд кас ҳалоку чанде ҷароҳатдор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон хабар медиҳад.
Теъдоди фавтидагону ҳалокшудагон то ба ҳол муайян нашудааст.
«Рӯзи ёздаҳуми феврал соати 5:40 ба вақти маҳаллӣ, дар ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд, дар як манзили истиқоматӣ таркиши газ ба амал омада, ошёнаи дуюми хонаро вайрон кард. Дар паи ин ҳодиса чанде ҷон бохтаву чанде захм бардоштанд», — омадааст дар гузориши хабар.
Тибқи манбаъ сабаби таркиши газ истифодаи нодуруст аз он будааст.
«Барои бартараф кардани оқибатҳои таркиш дар ҷои ҳодиса раҳбарияти ҳокимияти вилоят бо ҷалби намояндагони ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва тандурустӣ кор бурда истодаанд»,- омадааст дар гузориши дафтари матбуотии КҲФ Узбекистон.