Рубрики Хабарҳо

Анвоъи илмҳо дар Ислом

Ҳамон гуна, ки дар матлабҳои қаблӣ гуфта гузаштем, илм, новобаста аз он ки дунявӣ аст ё ухравӣ, аз нигоҳи Қурон ва Суннат ситоиш шуда ва ба омӯхтану омӯзонидани он  мардум ташвиқ  шудаанд. Калимаи илм ҳарҷо,ки дар Қурон ва Суннат омадааст, ғолибан ба маънои умумии он зикр гардидааст. Бинобар ин ҳар илме, ки дар омӯхтани он фоидаи дунёӣ ё ухравӣ  барои башарият дида мешавад, ва ё мушкиле аз мушкилиҳои ҷомеъаро ҳал мекунад, Ислом аз он истиқбол намуда ба омӯхтану омӯзонидани он ташвиқ мекунад.

Гарчӣ илмро аз ҷавониби мухталиф метавон  ба навъҳо ҷудо кард, вале он чӣ ин ҷо мехоҳем атрофаш баҳс кунем, илмӣ шаръӣ ва илми ғайри шаръӣ аст. Дар ин маврид ишораи мухтасаре дар матолиби қаблӣ (Суннат ва илм) карда будем, инҷо мехоҳем онро муфасал баён созем.

Оё мешавад илмро ба динӣ ва дунявӣ ва ё шаръӣ ва ғайришаръӣ тақсим кард?

Тақсимбандии илм ба динӣ ва дунявӣ, ё шаръӣ ва ғайришаръӣ, ҳатман дар зеҳн ин суолро ба вуҷуд хоҳад овард. Илм вақте ба динӣ ва дунявӣ, шаръӣ ва ғайришаръӣ тақсим мешавад, бархеҳо чунин бардошт хоҳанд кард, ки илмҳои дунявӣ ва ё ғайришаръӣ, берун аз доираи Ислом қарор мегиранд, пас омӯхтани ин навъ илмҳо аз нигоҳи Ислом барои як мусалмон ҷоиз нахоҳад буд.  

Вале ин гуна бардошт комилан ғалат ва нодуруст аст. Зеро ба навъҳо ҷудо шудани илмҳо, на ба хотири зиддият ва таноқузи навъе бо навъи дигар аст, балки ин навъбандиҳо нисбӣ ва эътиборӣ ҳастанд. Илмҳо бар асоси мавзӯъоти мавриди баҳсашон ва ҳадафҳое, ки дунбол мекунанд, ба навъҳо ҷудо мешаванд.

Инро ҳам  ёдовар бояд шуд, ки тақсими илм ба шаръӣ ва ғайришаръӣ ба маънои ҷудоии илм аз дин нест. Чунончӣ дар матлаби қаблӣ аз қавли донишмандони динӣ иқтибос оварда будем, ки мегуфтанд:  “Дин аз нигоҳи мо илм ва илм дин аст.”

Азин хотир вақте улуми шаръӣ ва ё динӣ гуфта мешавад, манзур  илмҳое ҳастанд, ки мавзӯъ ва доираи баҳсашон, шинохти Худо, Паёмбарони илоҳӣ, олами охират ва наҳваи дуруст ибодат кардани  Худо ва дигар масоиле, ки ба умури динӣ ва шаръӣ рабт доранд, мебошад.  

Аммо вақте улуми дунявӣ ва ё ғайри шаръӣ гуфта мешавад, мақсад аз он  илмҳое ҳастанд, ки мавзӯъ ва доираи баҳсашон умури дунявӣ ва масоиле ҳастанд, ки инсон барои салоҳи дунё ва пешбурди  зиндагиаш ба онҳо ниёз дорад ва  барои обод кардани замин ва кашфи ҳақоиқи дар атрофаш буда аз  ин навъ илмҳо кор мегиранд.

Аз тарафи дигар ин тақсимбандӣ ба маънои ҷудогии куллии ин ду навъ илм аз якдигар нест, балки ин ду навъ илм аз нигоҳи Ислом такмилкунандаи якдигаранд.

Ба унвони мисол, дар асри ҳозир як донишманди  илми фиқҳ, он вақт  метавонад  дар масоили иқтисодӣ ва муомилоти молии муосир, назари дурусти шаръӣ бидиҳад, ки аз илми иқтисод огоҳӣ дошта бошад ва ё ба  мутахассиси ин соҳа муроҷиъат намояд.

Баръакс як иқтисодшиноси мусалмонро зарур меояд барои муайян кардани ҳукми муомила ва ё доду гирифти молие аз нигоҳи Ислом, илми фиқҳро дар ин ришта биомӯзад ва ё ба донишманди диние дар ин соҳа муроҷиъат намояд.

Пас дар Қурон ва суннат ҳарҷо калимаи илм зикр шудааст, ғолибан ҳарду  навъи илм дар назар аст ва ҳар оят ва ҳадисе, ки  дар он  аз уламо ситоиш шудаааст, манзур олиме аст, ки манфиаташ ба мардум мерасад, хоҳ донишманди дунявӣ бошад ва ё динӣ.

Фарзи айн ва фарзи кифоя

Ин ду навъ илм (дунявӣ ва динӣ) боз ҳар кадом ба ду навъ тақсим мешаванд.

Ибни Абдулбар (р) мефармояд: ”Донишмандон ва уламои дин иттифоқи назар доранд, ки илмҳо ду гунаанд:  Фарзи айн, ки талаб кардан ва омӯхтани он бар ҳар зану марди мусалмон  воҷиб ва ҳатмист. Фарзи кифоя, ки талаб кардани он барои ҳар нафаре фарз нест, балки бо омӯхтани қисме аз мардум аз зиммаи дигарон фарзияти он соқит мегардад.”

Илмҳое, ки омӯхтанашон бар ҳар нафаре хоҳ мард бошад ва ё зан, воҷиб ва зарурист, ба он дар Ислом фарзи айн мегӯянд. Омӯхтани ин навъ илмҳо барои ҳар нафаре, ки оқил ва болиғаст ҳатмӣ ва зарурӣ ҳастанд, ҳаркӣ дар омухтани онҳо кутоҳӣ намояд, аз нигоҳи шаръ гунаҳгор дониста мешавад. Ҳадиси Расули Худо (с) ки  мефармояд: “Талаб кардани илм бар ҳар зану марди мусалмон фарз аст.”

Қисми дигар улуме ҳастанд, ки омӯхтани онҳо бар ҳар нафаре воҷиб нест, балки омӯхтани ин навъ илмҳо барои ҷамоате ва ё қавме дар умум воҷиб ва зарурӣ аст, агар дар омӯхтани он кӯтоҳӣ намоянд ҳамагӣ муқассир дониста шуда, мустаҳақи уқубат мешаванд. Вале агар дар ҷомеъае адади мавриди таваҷҷӯҳе онро аз худ кунанд, ки битавонанд ниёзҳои мардумро бароварда созанд, аз зиммаи дигарон соқит мешавад.

Илмҳои шаръие, ки донистанашон барои ҳар мусалмоне ҳатмист

Илмҳои шаръие, ки омӯхтан ва донистанашон бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн ҳастанд ва дар сурати беаҳаммиятӣ ва кӯтоҳӣ кардан дар омӯхтанашон гунаҳгор мешаванд, иборатанд аз: Шинохти Худо ба таври умум, мисли шинохти  Худованд, ки Ӯ таъоло ягона асту ҳамтое надорад, Алиму Хабир ва Қодир бар ҳамаи корҳост, Холиқу Розиқ ва Кариму Раҳим аст,  ва амсоли ин.

Инчунин омӯхтани аҳкоми фиқҳие, ки барои дуруст анҷом додани ибодатҳо муҳим ва зарур ҳастанд. Мусалмон бояд бидонад, ки чӣ гуна вузӯ бигирад, чӣ тавр намоз бигӯзорад, чӣ чизҳое вузӯ ва намозро ӯро ботил месозад, фарқи байни фарзу нафл дар чист, рӯза ва аҳкоми онро биомӯзад, закот ва аҳкоми онро таълим бигирад, аҳкоми ҳалол ва ҳаромро аз худ намояд, махсусан он аҳкоми машҳуреро, ки донишмандони дин онҳоро “заруриёти дин” номидаанд. Мисли ҳурмати зино, шароб, хӯрдани гӯшти хук, рибо ва амсоли он.

Ҳамчунин бар ҳар мусалмоне лозим аст Паёмбари Худоро бишиносад аз ҳаёту сирати ӯ ба қадри кофӣ маълумот дошта бошад. Аз дигар чизҳое, ки донистани онҳо барои ҳар мусалмоне лозим ва воҷиб аст, Қуръон ва тарзи дуруст тиловат кардани он аст. Ҳамин тавр маълумоти умумие нисбати қиёмат ва ҳисобу китоб, биҳишту дӯзах ва дигар умури диние, ки маъруф ва машҳуранд, бояд дошта бошад.  

Илмҳое шаръие, ки азхуд кардани  онҳо фарзи кифоя ба шумор мераванд

Улуми шаръие, ки омӯхтан ва аз худ намудани онҳо, фарзи кифоя ба шумор мераванд ва бар ҳар зану марди мусалмон донистани онҳо ҳатмӣ нест, аз ин қароранд:  Донистани нозукиҳои илми ақида ва илми фиқҳ, дақоиқи илми тафсир, асбоби нузули оёт, ҷузъиёти сирати Расули Худо(с) ва ҳаёти саҳобаи киром, илми ривоят ва дирояти ҳадис, тафсилоти таърихи ислом ва  инчунин дигар фанҳое, ки барои фаҳмидан ва аз худ намудани улуми исломӣ донистанашон муҳим аст. Мисли илми луғат, сарфу наҳв, балоғату баён ва амсоли он.

Омӯхтани ин навъ илмҳо ба таври умум барои мусалмонон воҷиб ва ҳатмист. Барои мусалмонон лозим аст, ки дар ҳар давру замон вар ҳар минтақае, ки ҳастанд, гурӯҳе аз онҳо дунболи касби ин навъ илмҳо бигарданд ва ба таҳқиқу пажӯҳиш бипардозанд то ҷое ки дар ҳар илме мутахассисони моҳир ва барҷастае барои ҷомеъа ва мардум пешкаш намоянд ва ниёзҳои онҳоро бароварда созанд. Худованд дар Қурон мусалмононро бар ин амр дастур медиҳад: “Шоиста нест мусалмонон ҳамагӣ (ҳангоми муқобила бо душман, ба сӯи майдони ҷанг) бираванд, балки гурӯҳе аз онҳо дар (Мадина  назди Паёмбар (с)) бояд бимонанд (ин як ваҷҳи тафсири ин бахши оят) ё бояд гурӯҳе аз онон ба Мадина назди расули Худо(с) биёянд (ваҷҳи дигар дар тафсири ин бахши оят)  ва аҳком ва маъорифи диниашонро аз худ кунанд ва ҳангоми бозгашт ба сӯи қавмашон, онҳоро бим бидиҳанд (аҳкоми шаръро таълим бидиҳанд) то (бо ёд гирифтани аҳком ва маъорифи исломӣ)  тақво пеша кунанд ва аз Худо битарсанд …” Мафҳуми ояти 122, сураи Тавба.

Аз мафҳуми ояти дар боло зикршуда бармеояд, ки  ҳамеша ва дар ҳар замоне гурӯҳе аз мусалмонон вазифадор ҳастанд, ва барояшон воҷиб аст ба таҳсили илму дониш дар ҳама заминаҳо ва маъорифии Исломӣ бипардозанд. Ва баъд аз таҳсили илм ба таълим додани мардум камари ҳиммат банданд ва онҳоро ба масоили динӣ ошно созанд.

Агар дар байни мусалмонон уламо ва донишмандони моҳир ва мутахассис дар ҳама соҳаҳои улуми шаръӣ пайдо нашаванд, мисли ин ки камбуди уламо дар илми тафсир, фиқҳ ҳадис ва амсоли он эҳсос карда шавад, ҳамагӣ аз нигоҳи Ислом муқассир ва гунаҳгор дониста мешаванд.

Илмҳои дунявӣ ва ё ғайришаръӣ

Омӯхтан ва фаро гирифтани илмҳои дунявӣ бо такя бо оятҳои Қуръонӣ ва ҳадисҳои Расули Худо(с) ниҳоят муҳим ва зарур мебошанд. Зеро ободкорӣ ва созандагӣ яке аз вазифаҳои инсон дар рӯи замин ба шумор меравад.  Худованд мефармояд: “Ӯ Худоест, ки  шуморо аз замин биёфарид ва барои иморат ва обод сохтани он баргумошт.”  Сураи Ҳуд ояти 61 Инсон дар сурате метавонад, заминро обод намояд, ки илму дониш дошта бошад ва бидонад дар зиндагӣ чӣ чиз бар манфиати ӯ ва чӣ чизе бар зарари ӯст.  Худованд дар ояти дигаре инсонҳоро барои талаби ризқу рӯзӣ амр мекунад. “Пас аз он, ки намоз поён ёфт, рӯи замин пароканда шавед ва аз фазлу карами Худо (ризқу рӯзӣ) талабед…!” Сураи Ҷумуъа ояти 10. Ин  қисм оятҳо инсонро ба ободкориву созандагӣ, пешбурди зиндагӣ ва талаби ризқи ҳалол инчуни истифода аз сарватҳо ва дороиҳои замин роҳнамоӣ ва ташвиқ мекунанд. Инчунин дар Қуръон наздик ба 750 оят вуҷуд дорад, ки инсонҳоро даъват ва тарғиб ба фикру тааммул дар мавриди дунё ва офаридаҳояш мекунад, ки Худованд онҳоро барои баҳрабардорӣ ва истифодаи инсонҳо халқ намудааст.

Дар ин замина аз Расули Худо (с) низ ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст, ки бо овардани як ё дутои он иктифо мекунем: “Агар дар дасти яке аз шумо ниҳоли дарахтест ва мехоҳед онро дар замин бишинонед, ки дар ҳамин ҳолат қиёмат барпо шавад, аз ин амалатон мунсариф нашавед, балки то метавонед онро анҷом бидиҳед!”  Мафҳуми ҳадис,  Муснади имом Аҳмад

Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Абузар (р) аз расули Худо (с) мепурсанд: Эй Паёмбари Худо! Беҳтарини амалҳо кадом аст? Расули Худо (с) мефармояд: “Имони ба Худо ва муборизаву талош дар роҳи Худо.” Дубора мепурсад: Кадом навъи ғуломро озод сохтан беҳтар аст?  Расули Худо (с) мефармояд: “Ҳамоне, ки назди соҳибаш маҳбуб ва қимати хуб дорад.” Абузар мегӯяд: Агар натавонам  чунин ғуломеро озод кунам? Паёмбар мегӯяд: “Ҳунармандеро ёрӣ намо ва  ё касеро ҳунар омӯз то ҳунареро ёд бигирад!”  Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Дигар ин ки Ислом барои муҳофизат ва ҳимояти заруриёти панҷгона (дин, ҷон, ирзу номус, мол ва ақл)  омадааст. Муҳофизат ва ҳимояти ин панҷ чиз замоне муяссар мегардад, ки аз илмҳои дунявӣ бархӯрдор шуда, аз онҳо дар ростои ҳифозат аз дин ва саодату пешравии дунё кор гирифта шавад.

Илмҳои дунявӣ ба фарзи айн ва фарзи кифоя тақсим мешаванд?

Ҳамон тавр, ки илмҳои динӣ ба ду навъ, фарзи айн ва фарзи кифоя тақсим мешаванд, илмҳои дунявӣ низ аз ин навъ тақсимбандӣ истисно нестанд.  Қисме аз ин навъ илмҳо фарзи айн ва қисме дигар фарзи кифоя ба шумор мераванд. Инчунин бо дар назар гирифтани замон ва макон ва ҳолатҳои инсонҳо низ илмҳо ба навъҳо ҷудо мешавад, гоҳе фарзи айн, гоҳе фарзи кифоя, дар баъзе ҳолатҳо мустаҳаб ва дар бархе мубоҳ мегарданд.

Ба унвони мисол барои ҳар инсоне, мард бошад ва ё зан шаҳрнишин бошад ё аҳли русто, воҷиб ва зарур аст, ки ҳадди ақал хондан ва навиштанро ёд бигирад, то худро аз бесаводӣ бираҳонад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба мушкилӣ гирифтор нашавад.

Инро ҳам ёдовар бояд шуд, ки айни замон барои ҳамаи мусалмонон воҷиб аст бо ҷаҳлу бесаводӣ, ки имрӯз домангирӣ ҷомеъаҳои мусалмоннишин гашатааст, дастҷамъона мубориза кунанд ва ҳар мусалмоне илм омӯхтанро бар худ зарур бишуморад.

Илова бар ин, инсон барои таъмини эҳтиёҷоташ, дар дунё ниёз ба касбу кор дорад. Барои касберо аз худ кардан бояд дониши онро дошта бошад. Пас барои ҳар инсон доштани донише, ки бо он битавонад касби рӯзӣ намояд воҷиб аст. То ин ҳад омӯхтани илм барои ҳар нафаре, воҷиб ва зарур аст.

Аммо таҳсил илмҳо ва донишҳои тахассусӣ дар соҳаҳои гуногун, мисли тиб, ҳандаса, химия, физика, илми сиёсат, иқтисод ва дигар илмҳое, ки ба манфиат ва салоҳи ҷомеъа ва мардум ба кор гирифта мешаванд, дар умум аз ҷумлаи фарзҳои кифоя ба шумор мераванд. Бояд ҳар ҷомеа ва кишваре дар ҳама соҳаҳо донишмандон во мутахассисонеро тарбият намуда дар хидмати мардум қарор бидиҳад. Агар дар ин маврид кутоҳӣ кунанд ва натавонанд дар соҳаҳои мухталиф донишмандон ва мутахассисонро тарбият намоянд, аз нигоҳи Ислом ҳамагӣ гунаҳгор маҳсуб мешаванд. Ин масъулият бештар бар души давлат ва ҳукуматҳо гузошта шудааст. Ҳукуматҳо вазифадоранд барои тарбияи кадрҳо ва донишмандон дар соҳаҳои гуногун шароит муҳаё намуда, тавре барномарезӣ кунанд, ки дар  ҳама соҳаҳо ба қадри кофӣ мутахассисон ва донишмандон тарбият шаванд, то ниёзҳои ҷомеъа ва мардумро бароварда  гардонанд.

Хулоса

Дар сарчашмаҳои исломӣ ҳарҷо дастур ба илмомӯзӣ ва ташвиқу тарғиб ба фаро гирифтани он шудааст, ғолибан ҳарду навъи улум, динӣ ва дунявӣ дар назар аст. Инчунин, ҳарҷо аз уламо ва донишмандон ситоиш ба миён омадааст, ғолибан ҳарду  қишри уламо мавриди назаранд, ҳам олимони динӣ ва ҳам донишмандони дунявӣ.

Тақсимбандии илмҳо ба динӣ ва дунявӣ  ба маънои ҷудогӣ ва зиддияти он ду бо якдигар нест, балки ин тақсимбандӣ нисбӣ ва эътиборист. Аз тарафи дигар ин ду навъ илм аз нигоҳи Ислом такмилкунандаи якдигар ва бо ҳам иртиботи ногусастанӣ доранд.

Ҳамон тавр, ки омӯхтани қисме аз илмҳои динӣ фарзи айн ва қисме дигар фарзи кифоя мебошанд, илмҳои дунявӣ низ аз ин тақсимбандӣ истино нестанд.

Ислом аз мусалмонон мехоҳад, тавозунро дар тамоми умур риъоя намоянд, аз ҷумла байни илмҳои динӣ ва улуми дунявӣ. Набояд ба хотири фаро гирифтани илмҳои динӣ аз омӯхтани илмҳо дунявӣ сарфи назар намоянд,  ҳамчунин набояд ба хотири таҳсили илмҳои дунявӣ, илмҳои динӣ канор зада шаванд.

Исломҷони Саид

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *