Рубрики Хабарҳо

ДОИШ иддао дорад ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон ҳамла кардааст

Хабаргузории “Аъмоқ” мутааллиқ ба гурӯҳи ДОИШ аз ҳамла ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ иттилоъе дар ин бора нашр накардаанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, ҷангиёни ин гурӯҳ аз қаламрави Афғонистон ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон 7 мушак бо қурти 107 миллиметр партоб кардаанд.

Ин хабаргузорӣ аксе аз як таркиш низ нашр кардааст.

Маълум нест оё аз ин ҳамла касе осеб дидааст ё на.

Толибон, ки ҳукумат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, мегӯянж ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла ДОИШ-ро тазъиф кардаанд ва ҳеҷ хатаре аз ин гурӯҳҳо ба хориҷ аз Афғонистон таҳдид намекунад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *