Рубрики Хабарҳо

Додарарӯси Ҳасан Асадуллозода раҳбари “Тоҷик Эйр” таъин гардид

Бо як қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор — раҳбари кулли Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъин карда шудааст. Дирӯз раҳбари аллакай қаблии он Хайрулло Раҳимов аз вазифааш барканор ва аз маҷлиси ҳукумат ронда шуда буд.

Исматуллозода Дилшод, ки додарарӯси Ҳасан Асадуллозода аст, то ин замон муовини Озода Раҳмон, духтар ва раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон буд.

Хонаводаи Исматуллозодаҳо аз хонаводаҳои наздик ба оилаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд. Бародари Дилшод Исматуллозода Шӯҳрат Исматуллоев муовини раиси Ориёнбонк аст. Бародари дигараш Ҳасан Исматуллоев роҳбари Маркази савдои Рудаки-Плаза мебошад.

Як “Паём” ошкор карда буд, ки бародари дигари онҳо Ҳусейн Исматуллоев ҳамроҳ бо Амрулло Гулов дар ҷазираҳои Вирҷин ширктаи офшории Yab Group Ltd-ро ба қайд гирифтаанд. Нишонии пустии он дар Кипр қарор дорад: 29A Anna Komnini Street P.O. Box 22303 1520 Nicosia. Ширкати мийнарав инҷо ҳам  G.S.L. Law & Consulting мебошад. Ҳусейн Исматуллоев дар офшор чун Husine Ismatuloev ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин ин таҳқиқот нишон дода буд, ки Шӯҳрат Исматулоев, ки дар Ориёнбонк фаъолият мекунад, дар интиқоли маблағҳо ба ин ширкати офшорӣ даст дорад. Ба чӣ кор машғул будани Ҳусейн Исматуллоев маълум нест.

Қаблан «Тоҷик Эйр» бинобар мушкилоти молӣ парвозҳояшро қатъ карда, кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристода буд.

Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун барои ба даст овардани “Тоҷик Эйр” байни Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур ва Таҳминаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳур мубориза меравад. Таъини Исматуллозода гувоҳи он аст, ки ё дар баҳс Асадуллозода пирӯз шудааст ва ё ҷонибҳо ба тавофуқ даст ёфтаанд.

Таҳминаи Эмомалӣ молики “Агентии алоқаи ҳавоӣ” аст, ки агенти кулл ва монополисти фурӯши билетҳои  “Тоҷик Эйр” маҳсуб мешавад. Ҳақи агентии ААҲ 14 дарсадро ташкил медиҳад, ки баландтарин дар ҷаҳон аст. Маъмулан ҳақи агентиҳо барои фурӯши билет 5 дарсад аст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *