Рубрики Хабарҳо

Ифтитоҳи гурӯҳи тоҷикӣ дар Донишгоҳи Тирмиз

Дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз, назди факултаи методикаи таълими ибтидоӣ гурӯҳи тоҷикӣ ифтитоҳ шуд. Аз хониши нави имсола дар ин гурӯҳ барои мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ мутахассис тайёр карда мешавад.

Хатмкунандагони синфҳои ёздаҳи мактабҳои миёна, литсейҳои академикӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар метавонанд дар соли таҳсили 2020-2021 ба ин гурӯҳи тоҷикии донишгоҳ дохил шуда, таҳсили худро идома диҳанд.

Дар ин бора,  Рамазон Абдуллоев, устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз зимни сӯҳбаташ бо нашрияи Фараж хабар дода гуфтааст, ки “ифтитоҳи гурӯҳи тоҷикии факултети методикаи таълими ибтидоӣ боз як имконияти хуб барои ҷавононест, ки мехоҳанд дар оянда муаллими синфҳои ибтидоӣ шаванд. Дар ин гурӯҳ довталабон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва риёзӣ имтиҳон месупоранд”.

Ба гуфти Рамазон Абдуллоев барои ин гурӯҳ 25 ҷой муқаррар шудааст ва аз ин шумор панҷ нафар довталаб метавонанд аз тариқи гранти давлатӣ курсиҳои донишгоҳро ишғол кунанд ва теъдоди боқимонда аз тариқи шарнома ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

Гуфтанист,  ин дуввумин ифтитоҳи гурӯҳи тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз мебошад. Ҳанӯз солҳои аввали касби истиқлоли Ӯзбекистон дар ин донишгоҳ гурӯҳи тоҷикии факултети филология кушода буд ва онро ҷавонони зиёд хатм намуданд. Дар айни ҳоло дар чаҳор курси ин гурӯҳ ҷавонони тоҷик машғули таҳсил ҳастанд.

Ҳамчунин, Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ, воқеъ дар вилояти Тошканд, барои ҷавонони зиёд дари имкониятҳои худро боз намуд. Дар факултетҳои филология, методикаи таълими ибтидоӣ ва таълими томактабии ин донишкадаи омӯзгорӣ ҷавонони тоҷик бо забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона соли равон як гурӯҳ ҷавонон курси сеюмро хатм карданд. Онҳо дар ояндаи наздик эҳтиёҷи мактабҳои таълими умумӣ ва коллеҷу литсейҳоро нисбати кадрҳо бароварда хоҳанд сохт. Ҳамчунин, интизор меравад, ки иддае аз ин ҷавонон баъди хатми донишгоҳ дар соҳаи матбуоти тоҷики Ӯзбекистон ва радиову телевизион  машғули фаъолият мешаванд.

Дар Донишгоҳи давлатии Бухоро низ соли гузашта гурӯҳи тоҷикӣ ифтитоҳ ёфт ва он ҷо низ 25 нафар ҷавон баъди супурдани имтиҳони ҷорӣ ба курси дуюм гузаштанд.

Ин ҳам дар  ҳолест, ки чанде пеш Узбекистон ҳашт муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро ба рӯихати сиёҳи худ ворид карда, ба донишҷӯёни узбек тавсия дод, ки дар ин донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил накунанд, чун сифати таълими ин донишгоҳҳо паст аст.

Аз паи ин даҳҳо зиёиёни тоҷик садо баланд карда, гуфтанд, ки ноуҳдабароии масъулини системаи маорифи Тоҷикистон то ба ҳадде расид, ки ҳатто кишвари ҳамсоя аз таҳсили шаҳрвандонаш дар кишвари мо парҳезро пеша кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *