Рубрики Хабарҳо

«Гурӯҳи 24»дар Маскав алайҳи Раҳмон пикет кард

Як гуруҳи фаъолони ҳаракати оппозитсионии «Гуруҳи 24» дар майдони Сурхи шаҳри Маскав дирӯз 24 июн алайҳи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 75-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ пикетӣ эътирозӣ доир карданд. Мухолифони ҳукумат шиорҳои зидди Эмомалӣ Раҳмонро бардошта, ҳамчунин ба раҳгузарон буклетҳо бо айни мазмунро тақсим карданд.

Нуриддин Ризоӣ, масъули бахши равобити хориҷии «Гурӯҳи 24», ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки барои баргузории пикети эътирозӣ иҷозаи мақомоти Русияро гирифта буданд. 

Ба гуфти Ризоӣ «як рӯз пеш иҷозаи баргузории пикет дарёфт шуда буд, вале гуруҳи дигар ду нафар аз иштирокдоронро ба шуъбаи пулиси Тверской бурдаанд”, 

Қобили зикр аст, ки тобистон ва тирамоҳи соли 2014 «Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти «Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбул дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Дар он сӯиқасд Сӯҳроб Зафар ва чанд узви дигари «Гуруҳи 24” бар асари истеъмоли ғизои заҳролуд дар манзили Сулаймон Қаюмов, як зодаи ноҳияи Восеъ заҳролуд шуда буд. Додгоҳи Туркия моҳи феврали соли 2016 Сулаймон Қаюмовро бо ҷурми даст доштан дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Аммо фармоишгарони он куштор ва ҳамин тавр, қотили бевоситаи Қувватов то ҳол боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашонда нашудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *