Шаби 09.10.2017 соати 22:00 ба вақти Юнон, Мирзораҳим Кузов (машҳур ба Шоҳнаими Карим), увзи Раёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ дар фурудгоҳи байналмилалии Афина (Athens) боздошт шуд ва мақомоти Юнон изҳор доштанд, ки боздошти ӯ бо дархости ИНТЕРПОЛ сурат гирифтааст.
Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА, ки аз 11-уми сентябри 2017 то 22-юми сентябр дар шаҳри Варшава баргузор шуд, ширкат карда, дар роҳи бозгашт боздошт шуд.
Билофосила пас аз дарёфти хабари боздошти ӯ, намояндагони ҲНИТ бо мақомоти пулиси фурудгоҳи байналмилалии Афина, созмонҳои ҳуқуқи башари ин кишвар ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар тамос шуда, намояндаи ҳизб ба ин кишвар сафар намуд.
То ин лаҳза, илова бар талошҳои намояндагони ҳизб, аксари созмонҳои байналмилалӣ, мисли Дидабони ҳуқуқи башар, Хонаи Озодӣ, Freedom Now, Шӯрои муҳоҷирати Юнон ва ғайра вориди қазияи ӯ гашта, барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ омодагии худро изҳор намудаанд.
Шоҳнаими Карим бо вакили дифоъ дар наздиктарин фурсат таъмин хоҳад гашт.
Маълумотҳои бештар дар бораи шахсияти ӯ, шароити будубош ва раванди ҳодисаҳо баъдтар нашр хоҳанд шуд.