Дасти кам ҳазор тан аз коркунони ниҳодҳои имдодрасонӣ бар асари ҳамалоти нерӯҳои Башшор Асад ва Русия дар Сурия ҷон бохтаанд.
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия имрӯз чаҳоршанбе тай гузорише эълом кард: Аз оғози ҷанг ва буҳрон дар ин кишвар аз моҳи марти 2011 то 20 декабри 2019 мелодӣ 979 тан аз коркунони муассисот ва ниҳодҳои башардӯстона бар асари ҳамалоти режими Асад ва Русия ҷон бохтаанд.
Бар асоси ин омор, таъсисоту марокиз ва худравҳои ниҳодҳои башардӯстона тавассути нерӯҳои режим Башшор Асад 1044 бор ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, ки ба ҷон бохтани 882 имдодгар мунҷар шудааст.
Ҷангандаҳои русӣ низ 403 бор ба марокиз ва худравҳои имдодрасонӣ ва ниҳодҳои башардӯстона ҳамла кардаанд, ки боиси ҷон бохтани 97 тан аз коркунони он шудааст.
Дар ин гузориш ҳамчун омадааст: Русия дар маҷмӯъи 3847 корманди ниҳодҳои башардӯстонаро дастгир ва бархе аз онҳо низ нопадид шудаанд. Нерӯҳои режими Башшор Асад ҳамчунин барои монеъ шудан аз вуруди кумакҳои башардӯстона ва хадамоти беҳдоштӣ дар манотиқи таҳти ҳокимияти худ, марокизи ниҳодҳои маҳаллӣ ва байналмилали мавҷуд дар ин манотиқро бомбаборон кардааст.
Ҳамчунин таъкид шуда, ки ҳамалоти амдӣ ва барномарезишуда ба корвонҳои имдодрасонӣ ва башардӯстона як ҷинояти ҷангӣ аст. Чашмпӯшӣ аз ин навъи ҳамалоти нерӯҳои режими Башшор Асад ва Русия боис мешавад то онҳо ин ҳамалотро идома бидиҳанд.