Як мард ҳангоми давидан дар маъракаи “Дави миллӣ”, ки дар ноҳияи Ҳисор баргузор шуда, ҷон додааст.
Кормандони мақомоти давлатӣ ва идораҳои буҷавиро дар ноҳияи Ҳисор имрӯз маҷбуран ба ин маърака сафарбар кардаанд.
Ин мард, ки тибқи гуфтаи манбаъи Паём дар ҳукумати ноҳияи Ҳисор кор мекардааст, зоҳиран аз сактаи қалбӣ ҷон додааст.
Манбаъ гуфт ӯ Фарҳод ном дорад ва насабаш шояд Раҳимов бошад.