Рубрики Хабарҳо

Ҷопон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро мамнӯъ кард

Ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷаи Ҷопон эълон кард, ки вуруди шаҳрвандони 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ба хоки ин кишвар манъ мешавад.

Синдзо Абэ, нахуствазири Ҷопон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар феҳрист шумори кишварҳое, ки вориди шаҳрвандони онҳо ба хоки ин кишвар манъ шудааст, номбар карда гуфт, дар феҳристи аввал кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Аргентина, Силвадор, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра ворид карда шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар ин феҳраст 188 кишвари ҷаҳон сабт шудааст. Ин феҳрист дар сомонаи расмии вазорати умури хориҷаи Ҷопон нашр шуааст.

Ҳафтаи гузашта нахуствазири Ҷопон “сатҳи хатар”-ро барои вориди шаҳрвандони 11 кишвари мухталиф боло бурд. Тибқи ин тасмим равуо барои  ин шаҳрвандон комилан мамнуъ хоҳад буд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт санаи 11 март вируси корона ё Ковид-19-ро пандемия хонд. Тибқи омори ахири ин созмон дар тамоми ҷаҳон беш аз 5,3 миллион нафар гирифтори ин вирус шуданд ва беш аз 342 ҳазори дигар ҷони худро аз даст доданд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *