Рубрики Хабарҳо

Авф кардани ҳамдигар

Бахшидани ҳамдигар, авф кардани дигарон аз бузургтарин зиннати шахси мусалмон мебошад.

Бахшидани хатокорону гузашт кардан аз дигаронро аз паёмбару солеҳон бояд омӯхт.

Ҳазрати Юсуф бо он ҳама зулму ситаме, ки бародаронашон нисбаташон раво диданд, қасди куштану ба чоҳ андохтан, ба бардагӣ фурӯхтану аз падар дур кардан, вақте бародаронашон аз эшон узрхоҳӣ карданд, беҳтарин каламотро гуфтанд:

قال لا تثريب عليكم اليوم يغفر الله لكم و هو ارحم الراحمين

Бар шумо ҳеҷ маломате нест имрӯз, ман шуморо ба хотири он ҳама гуноҳҳову ҷабрҳои ба ман кардаатон, маломат намекунам, шуморо комилан бахшидам, бигзор Аллоҳ низ гуноҳҳои шуморо бубахшад, ба рости, ки ӯ беҳтарини бахшандагон мебошад.

Суҳайл ибни Амр яке аз бадтарин душманони Паёмбар буд. Аз рӯзе, ки паёмбар ба даъвати яктопарастӣ шурӯъ карданд, Суҳайл низ ба даъвати зидди Муҳаммадӣ шурӯъ намуд. Бо ашъору суханҳои зебояш мардумро бар зиддӣ Паёмбар мешӯронид. Бо ин ҳама исломситезиаш фарзандаш Абдуллоҳ ва духтараш Уммикулсум ислом оварда буданд. Бо шунидани исломи фарзандаш Суҳайл Абдуллоҳро дар таҳхонаи торики хонааш зиндон намуда, дасту пойҳояшро баста он қадар азобу шиканҷа дода буд, ки Абдуллоҳ ба шиканҷаи падар тоб наоварда, аз ислом рӯй гардониданашро эълон карда буд, то аз чанголи Суҳайл озод гардад. Пас аз чанд муддат Абдуллоҳ аз доми Суҳайл гурехта, ба мусалмонони Мадина пайваст.

Ҳақ ҳамеша пирӯз мешавад, дере нагузашта Паёмбар дар Мадина давлат бино карданд. Вақте байни мусалмонон ва мушрикини Макка ҷанг шуду мусалмонон пирӯз шуданд, Суҳайл ба асорати мусалмонон афтод. Ҳазрати Умар Суҳайлро дар байни асирон дида ба Паёмбар гуфтанд: Паёмбари Аллоҳ ба ман иҷозат деҳ, то дандонҳои пеши ин бадбахтро бишканам, то минбаъд дар байни мардум бар зиди ту ашъору байтхонӣ накунад.

Аммо паёмбари раҳмат ба Умар гуфтанд: На, Умар ӯро ба ҳолаш бигзор, ба ӯ зарар нарасон, шояд рӯзе ояд, ки бо амалҳои худ Суҳайл туро хушҳол созад.

Дар сулҳи Ҳудайбия, сулҳе, ки байни Паёмбару мушрикина Макка баста шуда буд, аз тарафи мушрикон Суҳайл ибни Амр, ҳамчун намояндаву вакил ба назди паёмбар омад, то бо паёмбар шартномаи сулҳро имзо намояд.

Паёмбар Суҳайлро ҳамроҳи якчанд асҳоб ва писараш Абдуллоҳ пешвоз гирифтанд. Сипас Паёмбар ҳазрати Алиро ҷеғ заданд, то ақдномаи сулҳро нависанд. Паёмбар ба Алӣ гуфтанд: Алӣ бинавис, бисмиллаҳир раҳманирраҳим.

Суҳайл гуфт: На, бозист, мо ин суханро намедонем, балки бинавис бисмикааллоҳумма, Паёмбар ба Алӣ гуфтанд гуфти Суҳайлро навис ба ҷои бисмиллаҳир раҳманир раҳим, бисмикаллоҳумма навис.

Паёмбар давом доданд: Алӣ бинавис ин ақд байни Муҳаммад Расулаллоҳ ва байни….

Инро шунида Суҳайл гуфт: На, Али ист! Муҳаммад бинавис, аммо Расулаллоҳро нанавис, агар мо ба Расулаллоҳ будани Муҳаммад бовар медоштем, ҳоҷат ба ин ақдбандӣ набуд.

Паёмбар боз танозул карданд, ба Алӣ гуфтанд: Али калимаи Расулаллоҳро кӯй кун.

Алӣ ба Паёмбар гуфтанд, на ҳаргиз ё Расулаллоҳ, ман ин калимаро кӯй намекунам, сипас Паёмбар бо дастони худ калимаи Расулаллоҳро кӯй карданд ва ақдномаи сулҳ бо ҳамин баста шуд.

Рӯзи Фатҳи Макка, вақте Паёмбар ба сари баланд, бо қуввату пирӯзӣ ба Макка даромаданд, тарсу ҳарос дилҳои куффори Макаро фаро гирифта буд, аз ҳама пеш дили Суҳайлро. Суҳайл тарсону ҳаросон ба назди Абдуллоҳ пмсараш, писаре, ки шиканҷаи дунёро дар ҳаққаш раво дида буд, омаду аз Абдуллоҳ дархост намуд, то барои ӯ аз Расулаллоҳ талаби узрхоҳӣ кунад, то паёмбар ӯро бубахшанд ва ӯ ҳозир аст, имон оварад.

Абдуллоҳ ба назди Паёмбар омаду ба паёмбар гуфт: Паёмбари Аллоҳ, оё барои падарам амон медиҳед, оё падарамро мебахшед?

Паёмбари раҳмат гуфтанд: Оре ӯ дар амон аст, ӯ дар амну амони Аллоҳ аст, ба ӯ бигӯ худро руст накарда ба назди мо зоҳир шавад, ман тамоми хатогиҳои гузаштаашро авф мекунам.

Сипас ба саҳобагон нидо карда гуфтанд: Ҳар касе, ки аз шумо Суҳайлро мебинад ба ӯ ҳеҷ осебе нарасонад, қасам ба Аллоҳ Суҳайл марди хуб аст, Суҳайл баринҳо дар қабули Ислом дер намекунанд, зеро ақлу заковати боло доранд, аммо ин тақдир будаст, ки Суҳайл ба мо дер имон овард.

Бо ҳамин авфу бахшиши Паёмбар Суҳайл ислом меоварад, ва бақияи умр худро дар хидмати дини Аллоҳ сипарӣ мекунад ва ҳатто дар роҳи Аллоҳ шаҳид мешавад.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *