Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, бо интиқод аз вазъияти Тоҷикистон гуфт: «Замони Шӯравӣ ҳам ғулом будем ва ҳоло низ».
Ин коргардони тоҷики муқими Қазоқистон дирӯз, 20-уми ноябр, дар мусоҳибае бо «Озодӣ» аз вазъияти кишвар ба шиддат интиқод карда, гуфт: «Бо гузашти 25 соли иқтиқлолият мо натавонистем ҳисси ғуломиро аз худ дур созем… Мо ба наслҳои дигар танҳо ҳисси тарс ба мерос мегузорему халос. Ин ҳама натиҷаи зиндагии 70 соли шӯравӣ аст. Яъне, замони шӯравӣ ҳам ғулом будем ва ҳоло низ.»
Ӯ меафзояд: «То ҷое ҳанӯз ҳам мисли замони шӯравӣ коммунист боқӣ мондаем ва ҳамаи арсаҳои зиндагии мо ба ин арзишҳои дурӯғин пойбанд мондааст.»
Барзу Абдураззоқов дар мавриди шартҳои бозгашташ ба Ватанро чунин шарҳ дод: «Пеш аз ҳама, бояд театр бошад ва хонаводаам тинҷ бошад. Бояд маоше дошта бошам, ки дастнигар нашавам. Сензура болои корам набояд бошад. Озодии баён бояд дошта бошам. Азбаски озодии баён надорам, дар театр кор кардани ман манънӣ надорад.»
Ӯ афзуд: «Зеро, ҳоло ҳар асари классикиро рӯи саҳна оваред, онро метавонанд ба диди худ арзёбӣ кунанд. Агар имрӯз ман “Гамлет”-ро рӯи саҳна гузорам, мегӯянд, ту зидди шоҳ намоишнома дуруст кардӣ. Агар коргардони “Шоҳ Лир” шавам, мегӯянд, зидди хонаводаи шоҳ сухан мегӯӣ.»
Ҷаноби Абдураззоқов ба суоли «Чаро Шумо ба Ватан барнамегардед» чунин ҷавоб дод: «Бозгаштам аз ман ки аслан вобаста нест, зеро касе маро даъват намекунад. Ҳар ҷое, ки исми ман пайдо мешавад, фаъолияти он зуд қатъ мегардад.»
Ин коргардони маъруфи тоҷик бо интиқод аз Вазорати фарҳанги кишвар ва ҳукумат афзуд: «Ҳам вазорати фарҳанг ҳузури маро намехоҳад ва ҳам дигарон. Дар ин шароит бозгашти ман ҳам дигар маънӣ надорад. Беҳтар аст, ки ба кишварҳои дигаре биравам ва мисол дар Минск ё Москва намоишнома гузорам, ки он ҷо маро интизоранд.»
Рубрики
Хабарҳо