Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои пешсафе дохил шудааст, ки тайи 9 моҳи аввали соли равон молҳои Ӯзбекистонро харидорӣ кардаанд
Тоҷикистон дар феҳрасти харидорони молҳои Ӯзбекистон дар зинаи 7-ум қарор гирифтааст.
Ба иттилои мақомоти омории Узбекистон, дар садри даҳгонаи кишварҳое, ки моли аз ҳама зиёдро аз Ӯзбекистон харид кардаанд, Русия бо нишондоди зиёда аз 2 миллиарду 100 миллион доллар ҷой гирифтаст.
Дар даҳгона Тоҷикистон бо нишондоди беш аз 352 млн доллар дар зинаи 7-ум қарор дорад.
Таъкид шудаст, дар давоми 9 моҳ содироти мол аз Ӯзбекистон ба Чин 2 млрд доллар, ба Қазоқистон — 1 млрд доллар, Қирғизистон — 683 млн, Афғонистон — 514 млн, Тоҷикистон — 352 млн, Канада — 160 млн, Туркманистон – 154 млн ва ба Эрон 114 млн долларро ташкил додаст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, ки додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонанд.