Рубрики Хабарҳо

Пешнависи баёнияи Гурӯҳи 20: аксарияти ҷанги Русияро маҳкум карданд

Сарони Гурӯҳ 20 дар оғози нишасти худ дар Балии Индонезия бар сари пешнависи баёнияи ниҳоӣ ба тавофуқ расиданд. Дар ин баёния ҳамлаи низомии Русия ба Укроин шадидан маҳкум шудааст. Нозирон эҳтимол медиҳанд Маскав ҳимояти комили Чинро аз даст додааст. 

Раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи 20 рӯзи сешанбе 15 ноябр нишасти худ дар Балии Индонезияро бо гирифтани мавзеъе қотеъ ва равшан дар қиболи таҷовузи низомии Русия ба Укроин оғоз карданд. Ба гузориши хабаргузории Фаронса дар пешнависи баёнияи ниҳоии муштараки Гурӯҳи 20, ки ба дасти ин хабаргузорӣ расида, “аксарият”-и аъзо ҷанги Укроинро “қатъан маҳкум” карданд. Ишорае ба номи ин кишварҳо нашудааст. 

Владимир Зеленский дар паёми видеоӣ таъкид кард, ки акнун “замони он расида то ҷанги вайронгари Русия” мутаваққиф шавад. Ба гуфтаи раисҷумҳури Укроин таваққуфи ин ҷанг “ҷони ҳазорон танро наҷот хоҳад дод.” 

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, тавофуқи кишварҳои Гурӯҳи 20 бар сари ин баёнияро як муваффақияти талаққӣ карда ва гуфт нишасти имсол яке аз душвортарин ҷаласот дар таърихи Гурӯҳи 20 аст. 

Кишварҳои Гурӯҳи 20 дар ин пешнавис ба таъсироти эҳсосшаванда ва манфии ҷанги Укроин бар иқтисоди ҷаҳонӣ низ ишора карданд. Онҳо ин ҷангро сабабгори “ранҷи бепоёни инсонӣ ва ташдидкунандаи заъфҳои мавҷуд дар сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ” хонданд. Ин пешнавис мебоист ба тасвиб ва таъйиди сарони кишварҳо ва давлатҳо дар нишасти Бали бирасад ва қарор аст бо поёни нишаст дар имрӯз, чаҳоршанбе, 16 ноябр мунташир шавад. 

Пазириши вожаи “ҷанг” аз сӯи Русия 

Дар ин пешнавис ба “ихтилофи дидгоҳҳо” миёни аъзо ишора ва таъкид шудааст, ки иҷлоси Гурӯҳи 20 маҷмаъе барои “ҳалу фасл масоили амниятӣ” нест. Дар ин пешнавис ҳамчунин ба таври хулоса ва мухтасар ба мавзеъи Русия ва вуҷуди “дидгоҳҳо ва арзёбиҳои мутафовит аз вазъият” ишора шудааст. Тибқи ин баёнияи Русия пазируфтааст, ки ҳамлаи ин кишвар ба Укроин, як ҷанг ба шумор меравад ва на он тавр, ки Путин муддаӣ буд, як “аъмилёти вижаи низомӣ”. 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 20 ба Бали сафар накард ва ба ҷойи ӯ Сергей Лавров, вазири хориҷа, Русияро дар ин нишаст намояндагӣ мекунад. 

Интиқод аз таҳдид ба истифода аз силоҳи ҳастаӣ 

Дар пешнавис баёнияи иҷлоси Сарони 20 истифода ё таҳдид ба истифода аз силоҳҳои атомии “ғайри муҷоз” тавсиф шудааст. 

Путин дар як суханронӣ дар моҳи сентябр ба ҳангоми эъломи басиҷи 300 ҳазор нерӯи захираи низомӣ гуфта буд, ки Маскав омодагии истифода аз силоҳи атомӣ дар ҷангро дорад ва ин гуфта як “лоф нест.” ин изҳорот бо вокуниши шадиди Амрико ва НАТО рӯ ба рӯ шуд. Амрико ҳушдор дод, ки таҳдиди истифода аз таслиҳоти ҳастаӣ дар ҷанги Укроинро ҷиддӣ мегирад ва дар сурати чунин иқдоме, Маскав бо “авоқиби ҷиддӣ” рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 

Тамдид қарордоди содироти ғалла 

Кишварҳои Гурӯҳи 20 дар ҳамин ҳол дар пешнависи баёнияи ниҳоии худ хостори тамдиди тавофуқномаи содироти ғалла аз Укроин шудаанд. Эътибори ин тавофуқнома, ки авохири июл бо миёнҷигарии Созмони милал ва Туркия миёни намояндагони Маскав ва Киев ба имзо расид, рӯзи шанбе 19 ноябр ба поён мерасад. 

Аз оғози таҷовузи низомиёни русӣ ба Укроин дар 24 феврали имсол муҳимтарин масирҳои содироти ғалла аз ин кишвар аз тариқи баҳри Сиёҳ масдуд шуд. Укроин аз бузургтарин тавлид ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва таваққуфи панҷмоҳа содироти қонунии ғалла аз он ҷо бисёре аз кишварҳоро дар шароити душворе қарор додааст. 

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон дар суханоне дар Бали тавофуқнома барои содироти ғалла аз Укроинро “наҷотдиҳандаи зиндагӣ ва нури умеде барои мардумони кишварҳои фақир” тавсиф кард. Ў “масъулияти комили таъсироти азими иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷанг бар саросари ҷаҳон”-ро ба ӯҳдаи Путин ва ҳомиёнаш донист ва таъкид кард ҷанги Русия дар Укроин омили “вахомати чашмгири вазъияти ҷаҳонии ғизост.” 

Тағйири самти сиёсати Чин? 

Дар оғози ин иҷлос раисҷумҳури Индонезия хостори талоши муштараки ҷаҳонӣ барои поён додан ба ҷанги Укроин шуд. Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса низ андаке пеш аз оғози ин нишаст дар дидоре бо Си Ҷинпин, ҳамтои чинии худ, аз ӯ хост то фишор бар Маскавро афзоиш диҳад. 

Чин аз оғози ҷанги Укроин мавзеъи саҳлгиронатар нисбат ба кишварҳои ғарбӣ дар қиболи Русия доштааст. Пекин ҳамлаи низомии Русия ба Укроинро таъйид накарда аммо дар айни ҳол бар хилофи кишварҳои ғарбӣ ҳаҷми табодулоти тиҷории худ бо Русияро на танҳо коҳиш надода, балки густариш низ додааст. 

Нозирони сиёсӣ мувофиқати Чин бо пешнависи баёнияи ниҳоиро нишони эҳтимолӣ аз ин талаққӣ мекунанд, ки Маскав дигар наметавонд рӯйи ҳимояти комили Чин ҳисоб боз кунад. Ахиран дипломатҳо гузориш дода буданд, ки Пекин дар музокироти муқаддамотии ин иҷлос қотеъона аз Маскав ҳимоят карда ва ҳамин амр эҳтимолан тавофуқ бар сари баёнияи муштаракро душвор хоҳад кард. 

Ба гузориши хабарнигори “Тогс Шоу” аз Бали, ҳоло бо тасвиби ин пешнавис ба назар мерасад ҳимояти Чин аз Русия рӯ ба поён овардааст. Нозирон тамоюли Чин ба раванди мусбати тавсеаи ҷаҳониро ба далели вобастагии шадиди ин кишвар ба содирот, иллати тағйири эҳтимолии мавзеъи Пекин медонанд ва бар ин боваранд, ки эҳтимолан Чин барои ҷилавгирӣ аз рушди манфии иқтисоди худ, тамоюле ба тирагии равобит бо Амрико ва Аврупо надорад. Онҳо дар ҳамин робита ба дидори се соатаи Байден бо Си пеш аз оғози нишасти Бали ишора мекунанд. 

Ин нахустин дидори руасои ҷумҳурии Чин ва Амрико аз замони вуруди Байден ба Кохи Сафед ба шумор мерафт. Равобит миёни Пекин ва Вашингтон дар моҳҳои ахир рӯ ба сардӣ гузошта буд. Кохи Сафед пас аз ин дидор эълом кард, ҳар ду тараф аз ҷумла тавофуқ карданд, ки “як ҷанги ҳастаӣ ҳаргиз набояд оғоз шавад”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *