Пойгоҳи хабарии Алҷазира бо такя ба пойгоҳи хабарии Блумберги амрикоӣ менависад, ки дар воқеъ давоми ҳафтаҳои гузашта раиси Миср Абдуфаттоҳ Ассиси «тавасути миёнаравҳояш барои мусолаҳа бо ҷамоъати Ихвонулмуслимин саъю талош кардааст».
Пойгоҳи мазкур дар гузорише ки рӯзи сешанбе нашр гардид, мегӯяд аз манобеъи дохили ихвониҳо ба маълумоте даст ёфтааст, ки «ахиран баъзе масъулин аз мухобироти низомӣ бо роҳбарони ихвониҳо дар зиндон гуфтушунид анҷом додаанд то ба иттифоқе даст ёбанд ва тибқи ин иттифоқ онҳоро аз зиндон раҳо мекунанд бо шарте, ки аз сиёсат даст бардоранд».
Тибқи гузориши ин пойгоҳ, гумон меравад «дар ҳоли ба вуқӯъ пайвастани ин мусолаҳа, таъсири ҷамоати Ихвонулмуслимин дар тамоми минтақаи Шарқи наздик беҳтар шавад, ва кишварҳои халиҷиро мисли Саудӣ ва Аморати муттаҳидаи арабӣ, ки ин ҷамоатро дар рӯйхати сиёҳи террористӣ ворид кардаанд, дар дар ҳолати ногувор қарор диҳад».
Пойгоҳ дар гузоришаш илова мекунад, ин гуна мусолаҳа эҳтимол дорад «алоқаҳои Сисиро бо кишварҳои Халиҷ сард кунад. Ин ҷо ногуфта намонад ки ҳизби Ислоҳи Яман, ки тобеъи ихвониҳо мебошад, тавасути Саудӣ бо Имороти Араб гуфтушунид анҷом дода истодааст».
Блумберг меафзояд, дар ҳоли ҳозир суоли матраҳ ин аст, ки «чӣ гуна кишварҳое мисли Саудӣ ва Иморот ба террористӣ хондани ихвониҳо идома медиҳанд, агар кишваре (Миср), ки маҳди ихвониҳо мебошад бо онҳо мусолиҳа кунад.
Инчунин пойгоҳ меафзояд, кӯшишҳо барои мусолиҳа дар вақте ба вуҷуд меояд, ки раисҷумҳури Миср ба тағйироти ғайри чашмдошт даст зада, аксари чеҳраҳои боризе, ки дар умури Миср нақш бозӣ мекарданд, аз ҷумла фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ Маҳмуд Ҳиҷозӣ ва раиси мухобироти кишвар Холид Фавзиро аз вазифа сабукдӯш кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин сабукдӯшкуниҳо «он пуштибонҳое, ки Сиси аз ҷониби артиш дошт, коҳиш меёбад».
Пойгоҳ иқдоми Сиси — ба ҳабс гирифтани пурнуфузтарин рақибаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии оянда Соми Аннон, собиқ раиси амнияти қувваҳои мусаллаҳ дар замони Ҳусни Муборак ва гурӯҳи уро ба кӯшишҳо барои мусолиҳа иртибот медиҳад.
Пойгоҳ меафзояд, Сиси ба монанди раисҳои пешина дарк кардааст, ки «нодида гирифтани ихвониҳо ғайриимкон аст ва эътиқод дорад, ки мусолиҳа бо ихвониҳо ҳатмист. Ӯ боварии комил ҳосил намудааст, ки бо ихвониҳо ҳамкорӣ кардан ба манфиати ӯ ва Миср хоҳад буд».
Инчунин пойгоҳ ишора мекунад,ки Сиси аз ин талошҳо мунсариф намешавад. «Мисли раисҳои собиқи Миср, ки дар ниҳояти амр дарк карданд, ихвониҳо дар ҷомеа нуфузи зиёд доранд ва амнияту суботи кишвар бе ҳамкорӣ бо онҳо имконнопазир аст. Ин пойгоҳ таъкид мекунад, ки ихвониҳо на танҳо дар ҷомеаи Миср, балки дар Ховари миёна ҳам нақши асосӣ доранд.