Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории хатти марзи ду кишвар нишасти навбатии худро дирӯз, 4 июл дар Бодканд шурӯъ карданд.
Тибқи иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба намояндаи махсуси Девони вазирони Қирғизистон дар умури марзӣ Назирбек Борубоев, ин нишаст то 9 июл идома хоҳад кард.
Борубоев гуфтааст «масоили марзӣ зуд ҳал намешаванд. Мо баҳс мекунем ва сипас ба созиш мерасем. Минтақаҳои хеле душвор боқӣ мондааст. Бинобар ин, ба ҳамдигар далелҳои худро пешниҳод мекунем ва бар асоси онҳо, ба созиш мерасем».
Ҷаласаи ахири гуруҳҳои кории ду кишвар рӯзҳои 5-11 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 600 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст.
Азбаски зиёда аз 300 километри он бе аломату баҳсбарангез аст, байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқишаҳои хунин сар задааст.