Мудири сиёсатгузории вазорати умури хориҷаи ИМА эълом кард, ин кишвар талош мекунад даромади Эрон аз фурӯши нафтро ба сифр бирасонад.
Браен Ҳук, мудири сиёсатгузории вазорати умури хориҷаи Амрика дар нишасти хабарии имрӯзи худ гуфт: «стротежии ҷадиди мо на суқути режими Эрон, балки тағйир стратежии раҳбарии он дар минтақа аст. Талош мекунем даромади Эрон аз фурӯши нафт ба сифр бирасад.»
Вай афзуд «ҳадафи Амрико фишори ҳадди аксари иқтисодӣ ва дипломатик бар Эрон аст. Қасд дорем таъсири ин кишвар ба бозори ҷаҳонии нафтро ба поин тарин сатҳ бирасонем”.
Қаблан мақомоти Туркия ва Ҳинд эълон карда буданд ба хариди нафт аз Эрон идома хоҳанд дод.
Ҳук дар ин бора изҳор кард:
«Вошингтон қасд надорад дар ин замина истисноъ қоил шавад, зеро ин амр боиси коҳиши фишори иқтисодӣ бар Эрон хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин иқдом иъмоли фишори иқтисодӣ бар Эрон аст.»