Рубрики Хабарҳо

Иҷораи хона ба далели муҳоҷирати русҳо афзоиш ёфт

Қимати иҷораи хонаҳову меҳмонхонаҳо дар кишварҳои осиёмиёнагӣ ва Гурҷистон ба далели муҳоҷирати русҳои фирорӣ аз ҷанг ба ин кишвар афзоиш ёфт. Аз замони шурӯъи ҷанги Укроин, мавҷи бузурге аз муҳоҷирони рус вориди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ОМ ва Гурҷистон шудаанд, ки таъсири зиёде бар бозори маскан дар ин кишварҳо доштааст. 

Бино ба гузоришҳо, болоравии кимати иҷораи хонаҳо дар Гурҷистон аз оғози ҳамлаи Русия ба Укроин шурӯъ шуда дар моҳи апрел ба ҳисоби миёна 60 дарсад афзоиш пайдо кардааст. 

Муҳоҷирати шаҳрвандони Русия ба Гурҷистон аз замони оғози ҷанги Укроин ҳудуди 45 дарсад афзоиш доштааст. Бино ба бархе гузоришҳо аз замони ҳамлаи низомии Русия ба Укроин беш аз 100 ҳазор рус дар Гурҷистон 3.7 миллион нафарӣ сокин шудаанд. 

Шумори дақиқи ҳиҷраткардаҳо ба кишварҳои ОМ оварда намешавад, аммо ин ҳиҷрат ба нархи иҷора дар ин кишвраҳо ҳам таъсир кардааст.  

Дар пайи фармони басиҷи умумии Кремл шумори муҳоҷирони руси сокин дар кишварҳои ОМ ва Гурҷистон дар ҳоли афзоиш ёфтан аст  ва ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон бахусус дар Гурҷистон майл надоранд хонаҳои худро ба онҳо иҷора диҳанд. Гурҷистониҳо нигарон ҳастанд, ки муҳоҷирони рус иҷораҳои худро пардохт накунанд. 

Муҳоҷирони рус пештар тамоюл ба хариди хона дар Гурҷистон доштанд аммо инак онҳо тамоюл доранд, ки апортмонҳои кӯчакро иҷора кунанд.

Қимати иҷораи хона дар Душанбе ҳам дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта чанд баробар боло рафтааст. Ба гузориши Азия Плюс бо истинод ба риелторҳо (миёнаравони хариду иҷораи манзил), сабаби болоравии нарх ба Тоҷикистон омадани шумори зиёди шаҳрвандони Русия мебошад, ки пас аз эълони қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиши ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор мекунанд.

Тибқи ин гузориш рӯзи 29 сентябр қиматҳо чунин буданд:

Барои як шабонарӯз

аз 150 то 1000 сомонӣ

Дар марказ ва наздикиҳои марказ – аз 200 то 500 сомонӣ (дар баъзе маврид то 1000 сомонӣ)

Канораҳои шаҳр – аз 120 то 200 сомонӣ

Барои як моҳ

Якҳуҷрагӣ  аз 1500 то 8000 сомонӣ

Дар марказ ва наздикиҳои марказ – аз 3000 то 8000 сомонӣ

Канораҳо – аз 1500 то 3000 сомонӣ

Баъзан эълонҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки нархи баландтар пешниҳод мешавад.

Дуҳуҷрагӣ аз 2 000 то 15 000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 5000 то 15000

Канораҳо – аз 2000 то 3500

Сеҳуҷрагӣ аз 3000 то 20000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 8000 то 20000

Канораҳо – аз 3000 то 5000

Чорҳуҷрагӣ аз 3500 то 30000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 8000 то 30000

Канораҳо – аз 3000 то 6000

Панҷҳуҷрагӣ ва зиёдтар аз 3500 то 33000

Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 10000 то 33000

Канораҳо – аз 3500 то 8000

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *