Билайн моли Ҳасан Асадуллозода шуд
Додарарӯси Раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода 100% саҳми ширкати мобилии Билайнро ба даст овард. Созишномаи фурӯши ширкати тобеъи VEON, ки қаблан «ВимпелКома» номида мешуд ва дар Тоҷикистон “Таком” аст, дар аввали моҳи апрел сурат гирифт.
Ҳасан Асадуллозода аз замони боз шуданаш дар Тоҷикистон, дар Билайн ҳузур дошт. Аммо ҳамагӣ 5% саҳми ширкат дар ихтиёраш буд ва ҳақи овоз надошт. Ба сиёсати дохилии ширкат ҳам дахолат намекард.
Ширкат расман ба Zet mobile фурӯхта шудааст. Zet mobile ширкати тобеъи ТАлКо мебошад, ки ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Асадуллозода Zet mobile-ро соли 2003, баъди муфлис шуданаш ба даст оварда буд.
Раҳбари кулли нави ширкат аз Хорватия оварда мешавад. Айни ҳол раҳбарии он ба дӯши хеши Ҳасан Асадуллозода — Маҳмуд Нодиров аст. Ширкат таҳти номи тиҷории Билайн ба фаъолияташ идома хоҳад дод.
Чанд соли охир ширкат вазъи бӯҳронӣ дошт ва маҷбур ба фурӯши саҳмияҳояш шуд. Хадамоти алоқа, ки ҳақи истисноии воридоти интернетро азхуд кардааст, ширктаи Билайнро се рӯз бидуни интернет гузошт.
Ду соли охир тамоми фоидаи ин ширкати мобилӣ барои пардохти даъвоҳои мақомоти андоз сарф мешуд. Дар соли 2016 мақомоти андози Тоҷикистон Билайнро маҳкум ба пардохти ду ҷарима ба ҳаҷми 45 миллион доллар карданд. Дар натиҷа бо назардошти молиёту ҳазинаҳои дигар, ширкат маҷбур ба пардохти 73 миллион доллар шуд. Дар ҳамин ҳол ширкат иддао мекард, ки даромади умумии “Таком” дар соли 2016 68 миллион доллар буд.
Гурӯҳи «ВимпелКом» соли 2008 ба бозори Тоҷикистон аорид шуда, то соли 2017 беш аз 300 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.