Рубрики Хабарҳо

Русия 6 кишварро ба размоиши муштарак даъват кард

Вазорати дифои Русия шаш кишварро барои ширкат дар тамрини стратегии «Қафқоз-2020» даъват кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Интерфакс , Вазорати дифои федератсияи Русия эълом кард, ки аз 6 кишвар  Эрон, Арманистон, Белорус, Чин, Мянмар ва Покистон барои ширкат дар ин размоиш даъват кардааст.

Машқи ҳарбии стратегии Кавказ-2020 аз 21 то 26 сентябр баргузор хоҳад шуд.

Намояндагони 6 кишвари дигар аз ҷумлаи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қазоқистон ба унвони нозир дар ин размоиш ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад ҳудуди 80 ҳазор нафар дар ин манёври низомӣ ба фармондиҳии Русияи ширкат хоҳанд кард.

Чигунагии истифода аз энержии пок дар заминаи низомӣ ва баррасии масоили марбут ба тазмини амнияти низомӣ дар манотиқи ҷануби ғарбии Русияи яке аз аҳдофи баргузории ин размоиш эълом шудааст .

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *