Дар шаҳри Панҷакент бар асари як ҳодисаи заҳролудшавӣ 7 корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”) ҷон бохтанд. Сокнинони шаҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора шоми шанбеи 13 май хабар дода буданд.
Мақомоти Панҷакент ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ҳодисаи нохушро тасдиқ карда, гуфтаанд он дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон рух додааст.
Тибқи иттилоъи “Азия-Плюс” бо истинод ба шаҳрдории Панҷакент кормандони Корхонаи Обу корези шаҳр қубурҳои канализатсияро таъмир мекарданд. Ба онҳо ду сокини маҳаллӣ кумак карданд.
“Мутаассифона, дар ҷараёни кор ҳама аз зиёд будани газ дар қубурҳои таъмиршаванда беҳуш шуданд. Сокинони маҳаллӣ онҳоро берун кашида, ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале дар роҳ ба беморхона 7 нафар ҷон доданд”, — афзуданд дар шаҳрдории Панҷакент.
Дар миёни кушташудагон сармуҳандиси ин корхона низ ҳаст.
Баҳром Исломзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Обу корези Панҷакент аслан аз ноҳияи Данғара буда, ҷасадаш ба онҷо фиристода шудааст. Ҷасади Ҷамолиддин Назиров, ки ба гуфтаи манбаъ, ӯ низ аз ноҳияи Данғара будааст, ба зодгоҳаш фиристода шудааст.
Ҷасади Дилшод Маҳмудов, Ғайрат Мустафоев, Ҳамроқул Самадов, Ризо Мустафоев, Саидҷон Самадов субҳи 14 май дар қабристони Таги Камари шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ду сокини маҳаллӣ Рустам Бобокалонов ва Комилҷон Бобоев, ки дар ин ҳодиса осеб дида, дар беморхонаи марказии Панҷакент бистарӣ шуда буданд, ҳоло мураххас шудаанд ва вазъи онҳо таҳти назорати табибон қарор дорад.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинода ба Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ҳафт корманди корхонаи “обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент” ва як шаҳрванд ба таъмири хати оби партов оғоз мекунанд.
“Ҳангоми таъмиркунӣ 8 нафар беҳуш мешаванд ва аз тарафи мақомотҳои ноҳия онҳоро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона мебаранд. Дар беморхона 7 нафар кормандони корхонаи фаръии давлатӣ ба ҳалокат мерасанд, 1 нафар шаҳрванд дар шуъбаи эҳё бистарӣ шудааст. Ҷасади 7 нафарро ба наздиконашон супориданд,”-афзуд сухангӯи Кумита дар вилояти Суғд.
Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.