Шоҳ Ҳусайн Муртазавӣ, сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон гуфт: “Афғонистон мухолифи ҳар навъ ҷанги ниёбатӣ дар кишварҳои дигар буда ва иҷоза нахоҳем дод, ки кишвар ба майдони ҷанг табдил шавад.”
Ба иттилои хабаргузории Анадолу, ин суханонро Муртазавӣ зимни нишасти хабарӣ дар Кобул изҳор дошта таъкид кардааст, ки : “Дар Афғонистон дарки ягонае аз таҳдидҳои душман вуҷуд дорад. Мардум ва ҳукумат бо огоҳӣ дар баробари ин дасисаҳо истодагӣ хоҳанд кард.”
Ин суханон дар ҳолест, ки нигарониҳо нисбати вазъи амниятии Афғонистон афзоиш ёфтааст. Дирӯз бар асари се ҳамлаи интиҳорӣ дар пойтахти ин кишвар ҳади ақал 41 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд, ки гурӯҳи ДИИШ масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифтааст.
Ба назар мерасад, бо таваҷҷӯҳ ба ташаннуҷи авзоъ, ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои соҳибнуфузи ин кишвар ба ин натиҷа расидаанд, ки барои муқобила бо ДИИШ, бо гурӯҳи Толибон, ки аз соли 1996 то ин дам бо ҳукумати марказӣ дар ҳоли ҷанг аст, сари мизи музокира биншинад, ҳарчанд нишастҳои қаблӣ бо ин гурӯҳ бенатиҷа будааст.
Дар ҳамин росто, ду рӯз қабл, уламои Афғонистон, ки бо даъвати Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон дар Кобул ҷамъ омада буданд, аз ҳукумати кишварашон талаб карданд, ки барои ҳусни ният ва гоме барои оғози музокира, ба гурӯҳи Толибон дар пойтахти кишвар дафтари корӣ бидиҳад.