Рубрики Хабарҳо

Ҳамсари Далери Имомалӣ «бо ӯ 10-15 дақиқа дидор дошт»

Ба ҳамсари Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик муяссар шудааст бо ӯ дар боздоштгоҳ вохӯрӣ кунад. Дар ҳамин ҳол наздиокни Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҳеҷ дараке аз ӯ надоранд.

Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба наздикони Далери Имомалӣ ҳамсариӯ рӯзи 25 дар боздоштгоҳи муваққатии пойтахт «бо ӯ 10-15 дақиқа дидор дошт.» Онҳо бо баёни онки «аҳволи Далер хуб аст, дар бораи вохӯрӣ ҷузъиёт надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот то ҳол ба пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дигари тоҷик, ки ҳамроҳи Далери Имомалӣ боздошт шуд, иҷозаи вохӯрӣ надодаанд. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба маъмури милиса гумонбар мекунанд, вале худи ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти ин ду рӯзноманигори шинохта, мақомот ҳеч шарҳи расмӣ намедиҳанд. Ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд ва вакили дифоъ ҳам гуфт, дар бораи ҷузъиёти парванда ҳаққи суҳбат надорад.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамроҳ барои Ютуб гузориш омода мекарданд, вокунишҳои зиёдро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён овард. Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомот хостанд, иттиҳоми зидди ду блогерро бекор карда, онҳоро озод намоянд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *