Дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 20 май баргузор гардид, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, доктори илмҳои техникӣ, профессор Рустам Иброҳимович Холмуродов бо унвони ифтихории «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони вазорату идораҳо, устодони донишгоҳ ва меҳмонон ширкат варзиданд.
Меҳмонон пеш аз оғози ҷаласа аз намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва таълимии донишгоҳ, корҳои илмии устодону муҳаққиқон, технологияи навини Парки технологӣ ва Маркази биотехнология боздид намуданд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки ин иқдом дар заминаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ гардида, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии ду кишвар мусоидат мекунад.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ саҳми арзандаи профессор Холмуродовро дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон махсус зикр намуд.
Дар идомаи ҷаласа, муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. доир ба фаъолияти илмӣ ва роҳбарии профессор Холмуродов сухан гуфта, зикр намуд, ки ӯ дар вазифаҳои калидӣ дар низоми маорифи Узбекистон фаъолият намудааст. Номбурда айни замон роҳбарии яке аз донишгоҳҳои бонуфузи минтақа – Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба уҳда дорад.
Бо супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси ифтихорӣ, ректори ДМТ таъкид кард, ки доктори фахрии донишгоҳ ҳуқуқ дорад дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, лексияҳо, конфронсу симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмии донишгоҳ ширкат намояд.
Профессор Рустам Холмуродов зимни суханронии ҷавобӣ изҳори сипоси самимии худро ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ барои қадршиносӣ ва истиқболи гарму самимӣ баён намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube