Рубрики Хабарҳо

Паймони Миллӣ аз тағйироти кодрӣ дар сохтораш хабар дод

Паймони Миллии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабао дода, ки тағйироти кодрӣ дар чанд сохтори ин ниҳодро роҳандозӣ карда. Аз ҷумла раиси дастгоҳ, сухангӯ ва чанд намояндаи ин ниҳод дар кишварҳо иваз шудаанд.  

Тибқи ин хабар дар ҷаласаи васеъи Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи он “масулини ҷадиде, ки бо қарори раиси ПМТ ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд, муъаррифӣ гардиданд”.

Мувофиқи ин ислоҳоти кодрӣ, Исломҷон Саидов ба симати раиси Дастгоҳи иҷроияи ПМТ, ки масъулияти иҷроии фаъолиятҳо ва назорат аз онро бар душ дорад, таъйин гардид. 

Салим Султонзода ба унвони сухангӯи Паймон мансуб шудааст.

Илҳомҷон Ёқубов ба ҳайси намояндаи Паймон дар Литва, Суннатуллоҳ Давлатзода ба ҳайси намояндаи Паймон дар Нидерландия ва Ҷумъа Шеров ба симати намояндаи Паймон дар Лаҳистон таъйин гардидаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *