То ба имрӯз тазоҳуротҳои осоишта дар шаҳрҳои бузурги Арманистон идома дорад. Дирӯз 28 апрел ҳизби ҳокими Арманистон эълом кард, ки ба хотири фурӯ нишондани бӯҳрони сиёсӣ номзадеро ба мақоми сарвазирӣ дар интихоботи дохили парлумонии 1 май пешниҳод нахоҳад кард.
Вакилони мардумии Арманистон рӯзи 1-уми май сарвазири ин кишварро интихоб хоҳанд кард. Никол Пашиниён, роҳбари мухолифони ҳукумати Арманистон номзадии худро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод кардааст.
Эдуард Шармазанов, сухангӯи ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳони Арманистон ба расонаҳо гуфтааст, эҳтимол меравад, вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҷойи пешниҳоди номзад, дигар номзадҳоро баррасӣ карда, якҷоя ба ӯ раъй хоҳанд дод.
Ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳ дар порлумони дорои 105 курсӣ дар Арманистон, 58 вакил дорад ва бе тарафдории ин вакилон Пашиниён шанси нахуствазир шудан надорад.