Вазъият дар вилояти Суғд, хусусан дар шаҳри Хуҷанд ва Истаравшан хеле вахим шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд тамоми беморхона пур аз гирифторон ба вируси коруно буда, қобилияти қабули беморони дигар вуҷуд надорад. Мошинҳои ёрии таъҷилии ҳомили беморонро ба бемористонҳо ба хотири набудани ҷой роҳ намедиҳанд.
Як манбаъ аз беморхонаи вилоятии Суғд ба Паём гуфт, айни ҳол дар аксари беморхонаҳо амалиёти зиддиуфунӣ рафта истодааст. Бинобар, беморонро шароити қабул вуҷуд надорад.
Аммо, Хосият ном корбари Паём ба мо навишт, ки мақомот масъулини бемористонҳоро таъкид кардаанд, ки то аз Тоҷикистон рафтани намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт бемор қабул накунанд. Бигзор беморон дар хонаҳояшон монанд ва муроқибати беморон дар хона суръат гирад.
Дар ҳамин ҳол як манбаъи муътамад аз ҳукумати шаҳри Истаравшан, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Паём хабар дод, то имрӯз дар Истаравшан шумори фавтидагон аз бемории COVID-19 ба 27 нафар расид.
Манбаъи мо дар ҳукумати шаҳри Истаравшан маълумот дод, ки муддати ду-се рӯзи охир, худ шоҳиди фавтидани панҷ нафар шудааст ва сабаби фавти онҳо мубталоӣ ба коронавирус будааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии кишвар теъдоди фавтидагон аз мубталоӣ ба вируси коруноро танҳо 3 нафар эълом кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, Диловар Азимов, мудири маорифи шаҳри Истаравшан ва Акбар Маърупов, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати ин шаҳр низ мубтало ба бемории вируси COVID-19 шудаанд.
Гуфта мешавад олудатарин минтақа ба вируси коруно дар Истаравшан, маҳаллахонаи Боғот будааст.
Сообщение ПАЁМ.net.