Рубрики Хабарҳо

Аз  Хуталон омадия…

    Ё  юриши такрории Раҳмон ба Бадахшон ва нокомии навбатии ӯ 

Вазъият дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар пайи сафари Э. Раҳмон дар сентябри соли ҷорӣ пуршиддат ва тоқатфарсо шудааст. Зиндагии бе ин ҳам мушкили Хоруғ-маркази ин хиттаи куҳистонӣ душвортар шуда, амният, осоиш ва осудагии сокинони онро ҳузури садҳо нафар низомии саропо мусаллаҳи каскапӯш ва посгоҳҳои ташкилдодаи онҳо аз байн бурда як ҳолати пуртаҳлука,пуризтироб ва фавқулодда нохушеро эҷод кардааст. Сокинони Хоруғ ва дар маҷмӯъ тамоми Бадахшон аз вуқӯи кадом ҳаводиси шуму пешомади ҳавлноке шадидан нигаронанд.

Дар воқеъ онҳо ба умқи чунин муносибат ва сиёсати ҳукумат расида наметавонанд, ки силоҳу муҳиммоти буда аз дасти аҳолӣ барчида шуд (гузориши Ситоди байниидоравии ташкилшуда дар Хоруғ) ва ҳатто бархе ба ночор, дар пайи фишор маҷбур шуданд аз берун харида бисупоранд, то оромӣ дар хонаашон ҳифз шавад, аммо ҳамоно мақомот фишор оварда истодаанд, ки боқии силоҳҳоро ҳам бисупоранд. Ва ончизе ки мардумро бар рафтори ҳукумати марказӣ машкук кардааст, ин ҳам ҳаст, ки аз як сӯ раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ба унвони саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ муаррифӣ мешаванд, аз сӯе ҳам онҳоро барои тафреҳу тамошо ба пойтахт даъват мекунанд. Ва боз ҳам мояи нигаронӣ ва ҳайрати ин сокинон аст ки мақомот маҳз ҳамин ба истилоҳ саркардаҳоро дар пинҳон ва захирасозии силоҳу муҳиммот муттаҳам мекунаду вале аз ҷониби дигар бо онҳо Протоколи созиш ба тасвиб мерасонад, аммо дар ин миён асокиру афсарони эъзомшуда аз Душанбе дар Хоруғ ҳамоно ҳузури худро ҳифз мекунанд.Бадтар аз ин оромиву саботро халалдор карда даст ба фитна мезананд. Чунончи сардори навтаъини ОМОН-и ВКД генерал Хуршед Муҳаммадзода шаби панҷуми ноябр амдан бо чанд ҷавони аз маросими азо баргашта мунозиъа ба по карда бо тири резинӣ онҳоро маҷрӯҳ месозад. Аммо бо як пуррӯии тамом изҳор медорад, ки ин ҷавонон қасди ҳамла ба ӯро доштаанд.

Мардуми аз ин амали иғвоангези як масъули баландпояи ВКД норозӣ ва хашмгин дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада иллати ин фитнаро ҷӯё шуданд.

Раиси тозатаъини вилоят  дар малаи ом ҳозир шуда ва барои сокит ва хомӯш кардани мазлумини додхоҳӣ омада кафолат дод, ки муттаҳами асосӣ, аз кадом ҷонибе, ки бошад маълум ва муҷозот хоҳад шуд ва барои таҳқиқи мунозиъа як комисиюн ташкил мешавад.

Ҳоло ҳарфе аз забони ин комисиюн набаромада буд,ки Раҳмон дар ҷашни милиса (10 ноябр) ба шиддат аз камзарфии фаъолияти ин ниҳод дар муқобала бо ҷинояткорӣ дар Бадахшон интиқод кард. Ҳамчунон ки дар сафари ахираш дар сентябри соли ҷорӣ ба Бадахшон, бо баёни тунд ва таҳдиди тамом кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳти тозиёна гирифт, ки “чор ҷинояткорро дастгир ва ба ҷазо кашида наметавонанд”. …

…Бояд гуфт, ки Бадахшон барои Раҳмон на имсол ва на соли гузашта, ҳанӯз аз замони таҳти парчами сурхи Фронти халқӣ ба Душанбе ворид шуданаш масъаласоз буд. Зеро Ғарм ва Бадахшон ду минтақаи мухолифи Раҳмон ва пойгоҳи асосии нерӯҳои миллӣ ва мардумӣ буданд, ки то замони имзои Созишномаи сулҳ бо ӯ ва сарпарастону “хоҷаҳои хориҷӣ”- аш муқовимат карданд. Аммо баъд аз имзои сулҳ ноҷавонмардона бандҳои онро лағв карда водии Ғармро то чанде тавонист бо баҳонаҳои сохтаву бофта ва бо эъзоми артиш( куштори Аловуддин Давлатов, ҷанг бо Мулло Абдулло, куштори Мирзо Зиёев, таъқиби чандкаратаи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ҳамлаи Олег Захарченко-сардори ОМОН-и ВКД) ба хун кашонд. Ва ҳоло мисле, ки аз ин минтақа дигар кадом таҳдиду хавферо эҳсос намекунад ва онҷоро дигар тасаллут кардааст.Ҳамин тавр борҳо ба Бадахшон ҳам юриш бурд ва садҳо нафар дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи артиш кушта шуданд, аммо ба муродаш нарасид. Соли 2012 ҳам қабл аз сафари Раҳмон ба Хоруғ артиш ворид карда ва даст ба амалиёти низомӣ заданд, ки дар натиҷа даҳҳо сокини мулкӣ ва 200 сарбозу аскар кушта шуданд.Шералӣ Хайруллоев , вазири мудофиаи онрӯза иштибоҳи ҳукуматро бар гардан гирифта ва аз мардуми Бадахшон узр пурсида буд. Он замон ҳам Хоруғ-маркази Куҳистони Бадахшон бо онки оғушта ба хун шуду шумори зиёде аз ҷавону пираш, зану кӯдакаш шаҳид, сар нафаровард. Ва, ин мавқеъ ва ин нофармонӣ Раҳмонро ба хашму ғазаб меоварад.

Дар сафари ахираш ҳам бо артиш ва тонку тӯп вориди Бадахшон шуд. Ошкоро дастур дод, ки “аз тамоми роҳу восита ва аз қувва истифода баред”, “ҷинояткорҳоро  ҷазо диҳед”. Генералҳо “даст ба кор шуданд” – таҳдид пайи таҳдид:- “ресторану ошхона нишастан манъ, рафтан ба толорҳои варзишӣ манъ,хонаи дӯстон меҳмонӣ рафтан манъ” ва ғайраву ҳоказоҳо….

Раиси тозатаъини вилоят Ёдгор Файзов, ки дар юриши соли 2012-и Раҳмон ба Бадахшон миёни Раҳмон ва раҳбарони ғайрирасмии минтақа миёнҷигарӣ мекард, асомии ҷинояткоронро эълом кунад.  Аҷобат дар онаст ки Ёдгор Файзов он замон ҳам дар байни Раҳмону вузарои қудратии ӯ, ки ҳоло низ ҳамон нафаронанд ва роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон, ки ҳамон афроди соли 2012анд миёнҷигарӣ карда ҳеҷ тараферо ҷинояткор нахонда буд. Аммо ҳоло мансаб гирифту тарафи бадахшониҳоро ҷинояткор эълом кард.

Аммо…ин бор ҳам миёни мақомот бо шумули ҳукумати вилоят, сохторҳои қудратӣ -ВКД, Прокуратура, КГБ, Суд ва “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ёддошт (Протокол) ба тасвиб расид.

Ва ин “саркардаҳо” барои онки чандин сол аз Душанбе ва тағйироти он бехабар будаанд(?) барои тамошо ва тафреҳ ба пойтахт даъват шуданд. Ҳазинаи ин сафар барои “саркардаҳо”-ро, ки пардохта бошад, эълом накарданд….Аҷаб? ( Аммо як манбаъи наздик ба ҳукумат тасдиқ намуд, ки раҳбарони мардумии Бадахшонро бо даъвати мустақими Раҳмон ба Душанбе омада ва чанд рӯзе ҳам меҳмони ӯ ва муқаррабонаш будаанд. Як хоҳиши Раҳмон аз онҳо ин буда ки бо ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамроҳ нашаванд)

Аммо ҳоло  ҳузури бамаротиб зиёди низомиёни мусаллаҳ ва ҳамин тавр посгоҳҳои  ҳар сари қадам дар Хоруғ вазъиятро мураккаб ва буғранҷ кардааст. Мақомот мегӯянд, ки афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва шумори зиёди силоҳ  ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар ин қаламрав водор кардааст, ки даст ба чунин амал бизананд.

Вале мардум ва аз ҷумла сокинони Хоруғ бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳарфҳоро на як бору ду бор шунидаанд ва ҳадаф боз ҳам саркӯбии бадахшониҳост.Зеро агар ҳадаф маводи мухаддир буд, боястӣ марзҳо бештар тақвият бишавад ва агар ҳадаф боздошт ва дастгирии саркардаҳои ба таъбири мақомот гурӯҳҳои ҷиноятӣ буд, ин бор ҳам бо онҳо “переговор” карда, Протокол ба имзо расонида, ба созиш расиданд. Пас, далели идомаи ҳузури ҳарбиҳои то дандон мусаллаҳ ва посгоҳҳои изофагӣ чӣ буда метавонад?  Маводи мухаддир ва силоҳ тавассути марз  ворид мешавад. Аммо ташкили посгоҳҳо дар маркази маъмурии вилоят ва дар роҳи асосие, ки равуои сокинон ва меҳмонон аз тариқи он сурат мегирад, то чӣ ҳад дар амри ҷилавгирӣ аз онҳо мусоидат мекунад? Дар асл, мардуми Бадахшон иттиҳоми эълонкардаи ҳукумат болои раҳбарони  мардумии худро қабул надоранд ва тӯҳмат мешуморанд.

Сокинони Хоруғ ва хешу ақрабои онҳо аз навоҳии дигари вилоятро, ки ба аёдати ҳамдигар меоянд ва ё нафаре, ки аз русто ва навоҳии дигар барои анҷому иҷрои коре ба маркази вилоят меояд ва ё инки дар бемористони Хоруғ бистарӣ мешавад, гашту гузори низомиҳои каскабарсару Калашников ба даст сахт нигарон кардааст.Ин мардум дигарбора худро дар ҳудуди давлате, ки шиносномаашро дар даст доранд,бегона ҳис мекунанд. Нигоҳҳои сарду хашину хасмонаи низомипӯшони мусаллаҳ, ки ҳар гоҳе бихоҳанд, сари роҳи ҳар касеро гирифта аз ӯ санад ва ҳуҷҷат мепурсанд, ҷайбу ҷаъбаву борҷомаи ӯро, мошини ӯро, сандуқи мошини ӯро ва …хуллас ҳама аъзои тани ӯро кофтуков мекунанд,на мегӯянд, ки ӯ ҷавон аст, кӯдак аст, духтари хона аст, ҷавонзан аст, мӯсафед аст, кампир аст, башиддат нигарон кардааст.Ин мардум худро дар хонаву хиёбони шаҳри худ, дар зодгоҳи худ на озод, балки дар як қафас, дар як зиндон ва даступобаста мебинанд. Чаро мардум бояд азобу ранҷ бикашад ва равуояш мушкил бишавад. Магар инҷо соати комендантӣ аст? Чаро мардуми Бадахшон зери муҳосира ва таҳти мили автомат аз ин бар то он бари Хоруғ биравад ?Чаро мардум муҷозот бишавад? Ва агар он саркардаҳо  муҷрим бошанд чи тавр мешуда, ки тафреҳу тамошо Душанбе оянду мардум:- зану мард, ҷавону кӯдак, пиёдаву савора “через филтр”-и посгоҳҳо бигзаранд?Фишору таҳдид ва террор болои мардуми бе ин ҳам ба гӯша теладода ба чӣ хотир аст?

Дигар инки мардуми Бадахшон, ҳатто бар фарз, ҳамин саркардаҳои гурӯҳҳои ба гуфтаи ҳукумат муташаккили ҷиноятӣ  чаро бояд аз Афғонистон чизи дигаре неву силоҳ бигузаронанд. Ин силоҳро онҳо чи кор хоҳанд кард? Силоҳро барои ҷанг мехаранд ва ё барои дифоъ аз худ ва хонаводаи худ. Ва бо кӣ ҷанг карданианд ва аз кӣ дифоъ?Магар авзоъ дар Бадахшон ба ин ҳад печида аст, ки бидуни силоҳ намешавад зист? Ва авзоъро кӣ печида кардаасту мекунад?Душмани ин мардум кӣ аст, ки намегузорад ором бошанд ва тӯли ин ҳама солҳо ва ҳанӯз ҳам дар фикри силоҳу ҷанг ҳастанд? Ба таъкиди масъулини ниҳодҳои қудратӣ мардуми Бадахшон даҳ дар сад аз силоҳҳояшонро надоданд.Аҷаб, чаро ин мардум силоҳ доранд?Ин мардум бо кадом мақсад силоҳ доранд? Силоҳро барои ҳифзи худ дар хонаҳо руст мекунанд ва ё инки ба кадом мантақае юриш бурданианд? Ягон маротиба нашунида ва нафаҳмидем, ки сокинони Бадахшон ба манотиқи дигари кишвар лашкар кашида бошад, вале ҳоло барои бори чандум аст ки болои ин мардум лашкар мекашанд.

Ҷолиб инҷост, ки ҷаласаҳои ахири баргузоршуда дар Бадахшон дар ТВ-ҳо ба таври васеъ намоиш дода шуд.Ва бар иловаи дӯғу пӯписаҳо миннатгузориҳоро бубинед, ки мегуфт ин ҳама сол мо ин қадар маблағ додем, ин қадар аз бюҷет пул ҷудо кардем, ин қадар кӯмак кардем аммо шумо (бадахшониҳо)чӣ додед? Аммо масалан масрафу харҷи пули буҷҷаи кишвар барои гулгулшукуфонии Данғараро намегӯяд. Сохтмони чандин донишгоҳҳои миллиондолларӣ дар як ноҳия, на дар як вилоят, ташкили чандин коргоҳу корхона,бунёди садҳо, балки ҳазорҳо гектар боғ  ва чойхонаи чандин миллион долларии “Хуррамшаҳр” ва он ҳам дар вазнинтарин шароити кишвар бунёд шуданд. Аммо Бадахшон, ки дар замони шӯравӣ ҳам дар дотатсия буд, чун минтақаи куҳистонӣ аст, садяки онро нагирифтаву бадахшониҳо миннатшунав. Аммо, ку он имтиёзоти қаблӣ, ки дар замони шӯравӣ барои минтақаи баландкӯҳ будан барои ин мардум дода мешуд? Баракс ин мардум бо қиммати бамаротиб болотар нерӯи барқ масраф мекунад, баракс   ҳоло барои заминҳои сангистони Бадахшон ва заминҳои ду- се бор ҳосилдиҳандаи Данғара андози ягона ҷорӣ карда шудааст.

Ва дар ин ҷаласаҳо ҳарфи таҳдиду таҳқиру танқид ҳам бо майли тамом аз тариқи ТВ-ҳо нишон дода шуданд, то инки бар аҳолии на танҳо Бадахшон, балки тамоми кишвар бигӯянд, мо дар ҳамаҷо  ҳукми худро ҷорӣ кардаем. Ба он хотир аз тариқи ТВ-ҳо нишон дода шуд, ки тарсу ваҳшатро миёни мардум бештар бипарокананд, густардатар бисозанд. Миннатгузориҳо,  муттаҳамсозиҳо ва ба муҳокимакашиданҳои мардуми Бадахшон айни ҳамон ба муҳокима кашидани Мамадаёз Навҷувонов, вазири корҳои дохилии кишвар аз тарафи Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон ва яке аз бунёдгузорони Фронти халқӣ дар соли 92 аст. Бо ин тафовут,ки дар ин навбат на як нафар,мардум ба муҳокима кашида шуд. Аз ин рӯ аст, ки мардуми ин минтақа ба ҳукумат бовар накард.Бовар накард, ки ҳарфи сулҳу оштиаш самимӣ ва содиқона аст. Бахусус баъд аз онки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро мункир шуда ва ҲНИТ-ро, ки як ҷониби сулҳ буд, хоин ва душман ва террористӣ эълон кард, мардум дар инҷо мутақоид ва мутмаин шуданд, сулҳу оштие, ки мегӯянд, дурӯғе беш нест. Ва онҳоро то пойи ҷон нороҳат ва нигарон кардааст, ки сарнавишти ҲНИТ-ро болои онҳо низ хоҳанд овард.Ин мардум, ки ҷавру ситами сарбозони Сангак ва ҳукумати рӯи кор овардаи ӯро дар ҷону танашон таҷриба кардаанд, медонанд, ки на бо ҳукумат, балки ҳамоно бо як тарафи ҷанг, ки қудрати сиёсиро дар қабзаи қабилааш карда ҳанӯз ҳам дар андеша ва фикри ниқор аст, сару кор доранд.

Ба пиндори мардуми Бадахшон истиқрори посгоҳҳо ва овардани лашкар ба инҷо навъе аз муҷозоти оммавии онҳост, ба хотири пуштибонӣ аз раҳбарони мардумии худ. Таҳқир,алови чашмгирӣ, хаста ва лакот кардани онҳо ҳам ба ҳамин манзур аст, то ки мардум ба ҷон расида аз пуштибонӣ даст бардорад. Бад-ин васила мехоҳанд миёни раҳбарони мардумӣ ва мардум шикоф ва ҷудоӣ ба вуҷуд оваранд.

Дар зимн,чаро нуфузи панҷ-шаш саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба ҳаддест, ки муқобилашон аскару афсару артиш ҷалб мешавад. Ва на як бору на як сол?Аз инҷо бармеояд, ки дар ҳақиқат дар пушти онҳо халқи Хоруғ ва халқи Бадахшон истодааст. Ва ба ростӣ, агар онҳо ҷинояткор бошанд,чаро мардум бо онҳост, на бо шумо, Шумо бо овардани танку тӯп ба мардум фаҳмонидед, ки мо шуморо аз ин ҷинояткорон халос мекунем, натарсед. Вале мардум боз ҳам тарафи шуморо неву онҳоро мегирад. Маълум мешавад, ки дар шахсу симои шумову артиши шумо ин мардум ҳатто бадтар аз ҷинояткорҳоро мебинад?Ва ин мардум ҷинояткоронро бартар ва беҳтар аз шумо медонад ва на як бору на як сол. Ва то ба имрӯз ҳеҷ бадахшоние, на мансабдор, на одӣ ва на дигару дигарашро суроғ надорем, ки аз юриш ва лашкаркашиҳои Раҳмон дастгирӣ карда бошад. Мамадшо Илолов, собиқ президенти Академияи Улуми Тоҷикистон ва Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар соли 2012 аз амалиёти низомии ҳукумат бар алайҳи мардуми Бадахшон сахт норозигӣ ва интиқод карда буданд.Ва сабаби аз мансаб ва маоши давлатӣ маҳрум шуданашон ҳам ҳамин мавқеи ошкорашон буд. Ва Шодихони Ҷамшед, раиси пешини вилоят ба дурӯягӣ муттаҳам шуд, ки дар баробар  бо ҳукумат ва роҳбарони мардумӣ ҳам робита доштааст.Ҳоло бубинем Ёдгор Файз ҳам то чи ҳад аз осоиштагии мардумаш ҳимоят хоҳад кард.

Аммо ин вариантро наметавон истисно кард, ки ин навбат шояд”ресмонро дарозтар партофта бошанд”? Ба баъзе аз ишораҳои таҳдидомез аҳамият диҳед:- “мо медонем, ки дар куҷо, чи қадар, дар кадом ҷойҳо силоҳ ҳаст. Ҳар кадомашро медонем. То насупоред, посгоҳҳо меистанд.Даҳ дар садашро ҳам насупоридед” Ва ё инки “Толиб 50-100, Боқир 50-100, Ёдгор 50-100.. ва дар умум 1000 нафар доранд, ки пеши халқи нӯҳмиллионӣ ин чӣ аст? Тасаввур кунед агар фармон мешуд, ки ҷинояткоронро дастгир кунед, чӣ мешуд?Аз як тиреза як тир барояд дар муқобилаш аз тарафи қувваҳои ҳукумат ҳазорто меравад”.

Ва тамоми роҳбарони сохторҳои қудратиро иваз карданд. Ва мисле, ки хеле коркушта, муҷарраб ва ҷаррорҳоро ба ин мақомҳо маъмур карданд. Мисли Абдураҳмони Аламшо, яъне ҳамон Бузмаков, ки ҳамакнун ҳамзамон бо ҳифзи муовинати аввали вазорат сардори раёсати дохила дар Бадахшон ҳам таъин шуд. Ҳамон Абдураҳмоне, ки акси сару сурати ӯ дар чашмони М. Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилӣ то ба рӯзи маҳшар ҳакк шудаву дар охирин сонияҳои умр дар манзили зисташ бо тани аз тири туфанг хунполошуда Абдураҳмон….Абдураҳмон гуфта ҷон дода буд.

Шояд пайту фурсат мекобанд, имзои Протокол бо саркардаҳо ҳам як навъ тасалло ва таскини дурӯғӣ ва фиреби назар бошад ва он ҳам бо сарнавишти Созишномаи умуми сулҳ миёни ҳукумат ва ИНОТ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Соли 92, замоне, ки Раҳмон дар иҳотаи Сангаку Фронти халқӣ Душанберо ғасб ва забт кард, бештарин ва беҳтарин мардуми бадахшӣ аз тарафи сарбозони Сангак кушта шуданд ва то ҳамин ҳоло, ки ҳоло аст, дар хиёбонҳои Душанбе дигар лаҳҷа ва забони бадахшиҳо шунида намешавад. Бо роҳандозии чисткаи қавмӣ беш аз ҳама бадахшониҳоро нишон гирифта водор ба фирор ва хуруҷ аз Душанбе карданд. Ин ҳама ҳодисаи таърихшуда нест, шоҳидони ҳодиса дар Бадахшон зиндаанд. Ва ҳамаи ин ҳаводиси золимона таҳти раёсати  ҳамин Раиси имрӯза ва сарбозони зери итоати ӯ сурат гирифта буд. Аммо Бадахшон новобаста аз онки дар муҳосираи иқтисодӣ гирифтор шуд, пеши Раҳмон сар хам накард. Борҳову борҳост, ки алайҳи мардуми Бадахшон лашкар кашидааст.Ва хуни ин мардумро ҳам рехт, то ки битавонад тарсу ваҳшатро дар даруни онҳо низ ҷобаҷо созад. Аммо ин мардум тан надод, муқовимат кард ва карда истодааст.Ҳамин тавр кинаи дерина то ба ҳол рафъ нашуда ва талоши ба зону нишондан идома дорад.

Ин охирин лашкаркашӣ ва хунрезӣ нест.

Алӣ Муҳаммадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *