Маъмурияти новгони дарёии байналмилалӣ бо фармондеҳи Амрико дар обҳои Халиҷи Форс расман кори худро оғоз кард. Се кишвар Бритониё, Австралия ва Баҳрайн низ дар ҳамроҳӣ бо Амрико амният ва тараддуди озоди нафткашҳо дар тангаи Ҳурмузро тазмин мекунанд.
Морк Аспер, вазири дифоъи Иёлоти муттаҳидаи Амрико расман маъмурияти дарёӣ тазмини амнияти киштиронӣ дар тангаи Ҳурмузро эълом кард. Маъмурияти новгони дарёии байналмилалӣ таҳти фармондеҳи Иёлоти муттаҳидаи Амрико сурат мегирад. Лозими анҷоми ин маъмурият ба думболи ҳамла ба нафткашҳо ва тавқифи нафткаши бритониёӣ тавассути Сипоҳи посдорон матраҳ шуда буд.
Хабаргузории Олмон (DPA) дар гузорише, ки панҷшанбе 29 август аз Хелсинкӣ ва Вашингтон ирсол карда, аз оғози расмии маъмурияти дарёии байналмилалӣ дар обҳои Халиҷи Форс хабар додааст.
Морк Аспер, вазири дифоъи Амрико эълом кардааст, ки маъмурияти тазмини амнияти тараддуди киштирони дар обҳои Халиҷи Форс комилан ҷараён дорад. Се кишвар Баҳрайн, Австралия ва Бритониё низ эълом кардаанд, ки дар ин маъмурияти дарёӣ мушорикат хоҳанд дошт.
Морк Аспер гуфтааст, ки гуфтугӯ бо соири кишварҳо дар мавриди наҳваи ҳамкорӣ ва мушорикати онҳо дар новгони дарёӣ ёд шуда ҳамчунон идома дорад.