Categories Хабарҳо

Тазоҳурот дар Вашингтон: “Як, ду, се, чаҳор, бардадорӣ, наслкушӣ ва ҷанг бас!”

Дар эътироз ба суханронии Трамп дар маросими Рӯзи истиқлоли Амрико санаи 4-уми июл, шуморае аз мӯътаризони чапгаро дар муқобили Кохи сафед парчами ин кишварро ба оташ кашидаанд.

Нашрияи Ҳил менависад, танҳо чанд лаҳза баъд аз суханронии Трамп дар маросими ҷашни Рӯзи истиқлоли Амрико мӯътаризон бо ба оташ кашидани парчами кишварашон шиорҳое аз ҷумла “Амрико ҳаргиз бузург набудааст” сар доданд.

Тасвирҳо нишон медиҳад, ки мӯътаризон парчами Амрикоро дар шаҳри Вашингтон ба оташ кашидаанд. Шунида мешавад, ки фаъолон шиор медиҳанд: “як, ду, се, чаҳор, бардадорӣ, наслкушӣ ва ҷанг бас. Панҷ, шаш, ҳафт, ҳашт, Амрико ҳаргиз бузург набудааст.”

Тазоҳурот дар муқобили Кохи сафед дар ҳоле шакл мегирад, ки бисёре аз шаҳрвандон дар Рӯзи истиқлоли Амрико ба эътирозҳои саросарии худ алайҳи ваҳшигарии полис ва нажодпарастӣ идома доданд. Бархе аз мӯътаризон ҳамчунин хостори тахриби намодҳои бардадорӣ ва биноҳои таърихии даврони истеъмори Амрико шуданд.

Трамп дар суханронии худ дар Рӯзи истиқлоли Амрико шадидан аз фаъолияти ин мӯътаризон интиқод кард ва ононро чап-родикол хонд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *