Дар гузашти торихи миллатҳои ҷаҳон миллатҳое зиёде истиқлолияти арзӣ ва ҳуввияти сиёсии худро аз даст додаанд ва ё зери бори миллатҳои қудратманд рафтаанд. Миллати тоҷик ҳам дар дусад соли охир бо сабаби раҳбарони айшу ишратхоҳ ва тамаллуқкору ситамгар сарзамини худро, ки имтидодаш то соҳилҳои баҳри Хазар мерасид, аз даст дод. Ва имрӯз омада дар доманаҳои кӯҳ бо андак замин мунҳасир шуд. То имрӯз ин миллат зери бори раҳбарони ситамгар ва худкомаву маъишатхоҳ зиллату хориро мекашад. Суол инҷост, ки чаро ин миллат ба ин сарнавишт гирифтор шудааст ва чӣ бояд кунад, то аз зери бори ин зиллату хорӣ раҳо ёбад?
Дар ҷавоби ин суол бояд гуфт, ки омилҳо зиёданд. Аммо умдатаринаш сукути донишмандон, аҳли зиё, шоирон ва руҳониёни маъруфи кишвар аст, ки мутассифона ҳисси зиндагии осоишта ва мансабхоҳӣ дар вуҷудашон боло гирифта намехоҳанд барои худ дарди сар эҷод кунанд. Ин марази бад дар вуҷудашон чунон реша давондааст, ки аз баҳри виҷдону имон гузаштаанд. Тайёранд,ки барои ҳаёти орому осоиштаи ин серӯза шоҳи ситамгарро парастиш кунанд ва аз у муқаддасот бисозанд.Онҳо андеша намекунанд,ки рӯзе дар ин дунё дар назди миллат ва дар охират низ назди Парвардигор ҷавоб хоҳанд дод.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо ҳадисеро аз Паёмбари Худо(с) ки Имом Аҳмад ва Абудовуд аз тариқи Абдуллоҳ ибни Умар(р) ривоят кардаанд,меорам,ки Абдуллоҳ мегуяд: Аз Паёмбари Худо шунидам,ки мегуфт:
“Вақте ки бо тиҷорат ҷиддан машғул шудед ва гирифтед дунболи говро (яъне бо кишоварзӣ ҷиддан машғул шудед) ва бо ин тиҷорату зироататон розӣ шудед ва тарк кардед ҷиҳодро (яъне мубориза ва талошро бар зидди золим ва барпо кардани адолат) мусаллат мекунад болои шумо зилату хориро (яъне болои шумо марди золимеро мусаллат мекунад,ки намегузорад,ки шумо озодона фикри худро бигуед ва озодона маросими диниатонро анҷом бидиҳед). Ин зиллату хориро аз сари шумо намебарад,то ба динатон бар нагардед”.
Аллома Иқболи Лоҳурӣ низ бо як назари таассуфбор мегуяд:
Воизон ҳам суфиён мансабпараст,
Эътибори миллати байзо шикаст.
Воизи мо чашм бар бутхона дӯхт,
Муфтии дини мубин,фатво фурӯхт.
Мурод аз бутхона ҳамин созу барги дунёст. Воизони кишвар, ки майл ба дунё карданд,қомату миёни динро шикастанд. Маҳбубашонро гум карданд. Ба ибораи дигар маҳбубашон аз онҳо безорӣ ҷуст ва онҳоро тарк кард. Аллома Иқбол дар ҷои дигар мегуяд:
Шабе пеши Худо бигристам зор,
Мусалмонон чаро зоранду хоранд?
Нидо омад намедонӣ, ки ин қавм,
Диле доранду маҳбубе надоранд.
Шояд ин интиқодҳоро мешунаванд ва барои худ далелҳое метарошанд ва узрҳое низ меоранд. Оё инро андеша накардаанд, ки узрҳои онҳо аз ҷониби Худо рад шудааст. Худованд мефармояд:
“Эй касоне, ки имон овардед, шуморо чи шудааст, ки чун ба шумо гуфта мешавад: Дар роҳи Худо (яъне барои нусрати дини Худо) ҳаракат кунед, сангинӣ намуда ба замин мечаспед? (яъне аз шиддати муҳаббати молу зану фарзанд дар кунҷи хонаҳоятон пинҳон мешавед) Оё ба ҷои охират ба зиндагии дунё хушнуд шудаед? Пас бидонед, ки фоида ва мафиъати дунё дар баробари охират ҷуз андаке нест! Агар ҳаракат накунед (яъне барои нусрати дини Худо аз хонаҳоятон хориҷ нашавед) Худованд шуморо ба азоби дарднок азоб мекунад ва гурӯҳи дигареро баҷои шумо меоварад ва шумо ҳеҷ зараре ба у натавонед расонд. Ва Худо бар ҳар чиз қодир ҳаст.” (Тавба; 38 – 39 )
Оре, ин ҳақиқатест,ки имрӯз мебинем. Ҷои шумо воъизони тарсу ва узртарошро ҷавонони далеру боимон иъваз кардаанд. Ҷавононе, ки аз бист ва биступанҷ бештар син надоранд ва донишашон низ аз панҷ ё ҳафт соли таҳсил зиёд нест. Аммо вақте ки дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоъи суханронӣ мекунанд ва аз дин ва адолат пуштибонӣ мекунанд, аз шиддати хурсанди ашк аз дидаҳоямон мерезад ва мегуем ин фазли Худо аст. Диламон ба он воизе месӯзад, ки бо доштани панҷоҳ ва шаст соли заҳмати илмӣ дастовардашро бо ин баҳои андак фурухтааст. Ин итиқоди ман аз донишмандоне аст, ки узртарошӣ карда дар баробари зулм ва қонунҳои зиддидинии мақомдорони кишвар, сукутро ихтиёр кардаанд. Аммо он донишмандоне, ки бо ин ситамгар ҳамкорӣ мекунанд, Худованд худаш қазоват кардааст.
Вақте,ки Худованд ҳамкорӣ кардан бо золиминро наҳӣ мекунад. ба Паёмбари Худо (с) мефармояд:
“(Эй Паёмбар) Пас касонеро, ки дар дилҳояшон марази нифоқ аст, мебинӣ, ки дар дӯстии онҳо мешитобанд ва мегуянд: Бим дорем, ки ҳодисаи баде (аз ҷониби ин золим барои ҳамкорӣ накардан) ба мо бирасад. Умед аст, ки Худованд фатҳе (барои мусалмонон) ё коре аз ҷониби худ биёварад (яъне ба ҷои ин тарсуҳо ҷавонони далеру шуҷоъро биёварад) то онҳо (яъне ин тарсуҳо) бар он чи дар дилҳошон,пинҳон медоранд, пушаймон гарданд. Ва касоне, ки имони содиқ доранд, мегӯянд: Оё инҳо буданд, ки ба шадидтарин савгандҳои худ савганд мехӯрданд, ки бо шумо ҳастанд?!
(Ҳаққо ки) амали онон (мунофиқон) ботил ва беҳуда гашт ва худ зиёнкор шуданд.” (Моида; 52 – 53)
Боиси таассуф аст,ки ин ҳушдорҳо ва ваъидҳои Худованд дар каломи покаш дигар ба дили пур аз муҳаббати дунё шудаи ин донишмандони исломӣ асар намекунад, чи расад ба як зиёи ва шоиру устоди донишгоҳ
Ин сукути қишри зиё ва донишмандон ва рӯҳониёни машҳури кишвар боиси он шудааст, ки дар тамоми сохторҳои давлатӣ фасод ва ришваситонӣ як кори маъмулӣ гардидааст. Касе ибо надорад, на аз Худо ва на аз азоби Худо. Ҳукумат бо дору дастааш дар ин марази муҳликомез ғарқ шудааст ва парвое ҳам надорад. Ин авоқиби хуб надорад. Шояд ба як муноқиша ва нооромӣ оварда расонад. Баъди он ҳараҷу мараҷ кишварро фаро мегирад.
Барои пешгирӣ кардан аз ин ҳодисаҳои нохуш кӯшиши бештари нерӯҳои солими кишвар зарур аст. Ин нерӯҳоро лозим аст, ки дар бедор кардани зиёиён ва донишмандони шахшудаи кишвар, ки мағзи кишвар маҳсуб мешаванд, нақши бештаре дошта бошанд. Агар чи бо талафоти молу ҷон бошад. Дар достонҳои паёмбарони илоҳӣ назар афканед, онҳо барои расонидани сухани ҳақ ва адолат ва аз байн бурдани хурофот ва фасод мутаҳаммили шиканҷаҳои сахт шуданд, лекин сабр
карданд.
Шумо нерӯҳои мубориз саъятонро бо ҷиддият бикунед, Худованд худ хукм кунандааст. Агар ин қишри ҷомеъа лоиқи ҳидоят бошад, ҳидояташон мекунад. Агар лоиқи ҳидоят набошанд, дар байни ҷомеъа шармсорашон мекунад ва аз байн мебарад. Ин суннати Худо аст, ки баъзе гурӯҳро бо дасти баъзе гурӯҳ аз байн мебарад. Худованд хоҳони адолат дар рӯи замин аст ва мазлумонро пуштибонӣ мекунад. Аммо мустақим дахолат намекунад. Мехоҳад бо дасти гурӯҳе, ки даъвои нусрати Худо доранд, анҷом бидиҳад. Агар ин гурӯҳ рисолати худро дуруст анҷом бидиҳанд. Агар дуруст анҷом надиҳанд, онҳоро аз байн мебарад ва гурӯҳеро меорад, ки мисли ин гурӯҳ нестанд. Худованд мефармояд:
“Ва агар (аз дини у ва нусрати дини у) рӯй бар тобед, баҷои шумо гурӯҳи дигареро меорад, онгоҳ онҳо монанди шумо нахоҳанд буд! “(Муҳаммад;38)
Пас тақдири шумо чи хоҳад шуд?! Ҷуз хорию зиллат домани шуморо намегирад.