Рубрики Хабарҳо

Темур Варқӣ: барои ҲНИТ додгоҳи байналмиллалӣ барпо кунед

Темур Варқӣ, шоир, рӯзноманигор ва яке аз роҳбарони Анҷумани озодандешони тоҷик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст “далелу мадракҳоро барои ҷаҳониён нишон бидиҳанд ва як додгоҳи байналмилалӣ барои ин ҳизб баргузор” кунад.

Варқӣ дар вокунишаш ба суханронии ахири Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро ба нақзи ҳади ақал 6 моддаи Сарқонуни Тоҷикистон гунаҳкор кард ва гуфт: “Кафили Сарқонун, ки дар муддати 24 соли ҳукмронӣ ҳангоми маросими таҳлиф (қасамёдкунӣ) бе гумон чандин бор шаклу сурати “Қонуни асосӣ”-ро дидааст, зоҳиран чизеро, ки ба он савганд ёд карда, ҳаргиз боз накарда ва нахонда ва мутаваҷҷеҳ ҳам нест, ки ӯ зомини чӣ чизе мебошад”.

Дар посух ба суханони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки гуфтааст “Ҳизби террористии наҳзат пурра мазҳаби шиаро қабул кардагӣ аст” ва даъвои ӯ дар бораи Эшони Қиёмиддин, ки гуфт “ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак “дӯст”-и мо пурра мазҳаби шиаро қабул карда, бо супориши сохтори ҷосусии ин кишвар зидди миллати тоҷик кор бурда истодааст”, Темур Варқӣ изҳор кард:

“Дар мавриди қонунӣ будани барчаспи “ҳизби террористӣ” (дар хусуси ҲНИТ), Ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз на ба ҷомеа, на ба шарикони худ дар кишварҳои пасшӯравӣ (СНГ), на ба Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) ва на ба ҳеч як аз ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Интерпол ва созмонҳои ҳуқуқи башар, натавониста як далели малмус бар террористӣ будани ҲНИТ нишон бидиҳад. Додгоҳи мустақил низ дар хусуси раҳбарони ин ҳизб баргузор нашуда. Тамоми ҷаласаҳои додгоҳи онҳо низ бо унвони маҳрамона табақабандӣ шудаанд. Вакилони мудофеъе, ки дар он ҷаласаҳо ширкат доштанд, баъзеяшон боздошт ва зиндонӣ шуданд ва баъзе ҳам ночор ба муҳоҷират аз кишвар гардиданд”.

Шоири русинависи тоҷик пешниҳод кард: “Агар Эмомалӣ Раҳмон мадраку далеле дар даст дошта ва мутмаин аст, ки фаъолияти ҲНИТ террористӣ будааст, ман, ба ӯ ва атрофиёнаш пешниҳод мекунам, ки ин далелу мадракҳоро барои ҷаҳониён нишон бидиҳанд ва як додгоҳи байналмилалӣ барои ин ҳизб баргузор шавад. Ман, ба унвони як инсони секулор, ки дар ин маврид шакке нест – албатта, на танҳо ман, балки дигарон низ – алоқаманд ҳастам, то ба далелу мадракҳои ҳамаи тарафҳо, ва низ ба назари додситон ва вакилони мудофеъ гӯш супорам ва пурсишҳои худро матраҳ ва посухи лозимро дарёфт намоям. Лутфан махфикорӣ накунед оқоён, аз равшанӣ натарсед агар дар ҳаққонияти худ мутмаин ҳастед!”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *