Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Александр Лукашенко, ҳамтои белорусии ӯ имрӯз, 16 май намоишгоҳи Белорус дар Душанберо ифтитоҳ карданд. Ин намоишгоҳ дар ҳошияи сафари Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳудуди 150 ширкатҳои маъруфи Белорус дар намоишгоҳ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд: маҳсулоти сохтмонӣ, молҳои электротехникӣ, кимиёӣ, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи хона, молҳои саноатҳои ғизоӣ, сабук, мебелӣ, коркарди чӯб, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва ғайра.
Аз Белорус ба Тоҷикистон асосан мошинҳои боркашон, техникаи кӯҳканӣ, маҳсулоти санъати нассоҷӣ, мебел, молҳои электротехникӣ, кимиёӣ, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи хона, молҳои саноатҳои ғизоӣ, сабук, коркарди чӯб, мошинсозӣ, кишоварзӣ ворид мешаванд.
Аз Тоҷикистон ба Русия асосан нахи пахта, пашм, мева, алюминий ва тухмии равған содир мегардад.