Рубрики Хабарҳо

Пулиси Қазоқистон ҳафт корманди як бонкро аз чанги гаравгонгири мусаллаҳ наҷот дод

Вазорати дохилии Қазоқистон эълом карда, ки пулис ҳафт корманди як бонкро аз чанги муҳоҷими мусаллаҳ дар Остона, пойтахти ин кишвар, наҷот додааст. 

Ин вазорат рӯзи якшанбе, 18 июн  дар эъломияе навишт, ки муҳоҷими 30 сола ҳафт корманди бонки “Каспий”-ро бо туфангча гаравгон гирифта буд. 

Ба гузориши Рейтерз, пулис роҳҳои пайвасткунанда ба маҳалли гаравгонгириро баст ва гуфтугӯҳо ба раҳбарии Марат Аҳмадҷонов бо гаравгонгир мусаллаҳ оғоз шуд. 

Шабакаи хабарии “Раша тудей” гузориш дода, ки нерӯҳои пулис ба дастури вазири дохилии Қазоқистон ба сохтимоне, ки муҳоҷим ин гаравгонҳоро ба асорат гирифта буд, ҳамла карданд ва ҳамаи онҳоро наҷот доданд. 

Бар асоси эъломияи вазорати дохилии Қазоқистон, дар ин амалиёт ба ҳеҷ фарде, аз ҷумла ин кормандони бонк ва муҳоҷими мусаллаҳ осебе нарасидааст. 

Дар бораи ангезаи ин гаравгонгир гузориш таъйидшудае вуҷуд надорад, аммо гузоришҳои таъйиднашудае пахш шуда, ки фарди муҳоҷим қасд доштааст тамоми дороии ин бонкро ба як Созмони хайрия барои кумак ба кӯдакони маъюб ва афроди ниёзманд мунтақил кунад. 

Гузориш шуда, ки ин марди мусаллаҳ таҳдид карда буд, ки агар мақомҳо дар зарфи се соат хости ӯро бароварда накунанд, гаравгонҳоро хоҳад кушт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *